Худойқул Ҳамроқулов: Мухолифин табаддулот мехостанд

Дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ду санади муҳим қабул шуд – Кодекси гумрук ва Қонун “Дар бораи тарифи гумрукӣ”. Раиси вақти гумруки Тоҷикистон, вакили Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ генерал-майор Худойқул Ҳамроқулов зимни суҳбат бо “Тоҷикистон” аҳамияти ин ҳамоиш ва ин санадҳоро шарҳ дод. 

Иҷлосия дар Панҷакент

-Рафиқ генерал, шумо вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати 12 ҳастед ва дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии кишвар низ ширкат доштед. Мехоҳем назаратонро оид ба ин ҳамоиши таърихӣ бифаҳмем. Он то куҷо зарурат дошт?

— Агар мухтасар бигӯем, зарурати Иҷлосияи XVI-ум дар он буд, ки кишварро бояд наҷот медодем. Он шабу рӯз ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шудаву вазъ муташанниҷ буд. Мухолифин хеле фаъол шуданд. Мехостанд дар ҷумҳурӣ табаддулот шавад. Неруҳои бегона ҳам ба ин кор ҳамроҳ буданд. Баъзе давлатҳо мехостанд, ки дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд кунанд. Асосан мақсад ҳамин буд. Аввал, конфронси исломиро дар Тошканд гузарониданд. Чун диданд, ки Ислом Каримов иҷозат надод, ба Тоҷикистон кӯчиданд. Лекин маркази асосии фаъолияташон Андиҷон, Намангон ва Фарғона буд.

Вақте ман дар Қӯрғонтеппа кор мекардам, андиҷониҳо омада талабаҳоро пинҳонӣ дарс медоданд. Як гуруҳ бачаҳо аз водии Вахш ба Андиҷону Намангон рафта, таълимоти динию исломӣ гирифта, баргашта омада буданд.

— Ба назари шумо, макони баргузории Иҷлосия чаро маҳз Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд интихоб шуд?

— Чунки Душанбе ноором буд. Пешниҳод шуд, ки Иҷлосияи XVI-ум дар Панҷакент гузарад, вале дар он ҷо шароит набуд. Бинобар ин, тасмим гирифта шуд, ки он дар Хуҷанд баргузор гардад.

Бензинро рехту гӯгирд наёфт

— Буданд монеаҳое, ки метавонистанд ба баргузории Иҷлосия халал расонанд?

— Мо медонистем, ки дар миёни вакилон як гуруҳ тарафдори мухолифин буданд. Ҳамонҳо зидди баргузор шудани Иҷлосия буданд. Мехостанд, ки кворум нашавад ва кори Иҷлосия сурат нагирад, вале хушбахтона, қисми зиёди вакилон масъулият ҳис карда, ба Қасри Арбоб омаданд.

— Аз он даврон чӣ хотирот доред?

— Ман раиси гумрук будам. Фишорбиёрӣ бисёр шуд. Ҳатто як нафар бо номи Ибод Бойматов як канистр бензин оварда Раёсати минтақавии идораи гумрук дар шаҳри Турсунзода оташ заданӣ мешавад. Бензинро мерезад, вале гӯгирд намеёбанд, вагарна ҳама месӯхт. Дар стансияи Душанбе-2 яҳудиҳо борҳояшонро супорида буданд, барои ба Исроил рафтан. Ҳамон борҳоро дуздиданд ва Душанбе-2-ро оташ заданд. Дар водии Вахш яроқҳои кормандони гумрукро кашида гирифтанд… Хотироти банда аз солҳои 90-уми кишвар чунин ҳузнангез аст…

Рӯзноманигор Фазлиддин Асозода ҳангоми мусоҳиба бо Худойқул Ҳамроқулов, иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ

400 вагон ғалла ба Тоҷикистон

— Тавре огоҳем, соли 1992 шумо сардори Саруправленияи назорати гумруки назди Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидед. Маҳз ҳамон сол, дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ, ки 16-уми ноябри соли 1992 оғоз шуда, то 2-юми декабр идома ёфт, ду қонуни асосии соҳа — Кодекси гумрук ва Қонун “Дар бораи тарифи гумрукӣ” қабул гардида буданд. Ин навгониҳо то куҷо тавонистанд ба рушди соҳаи гумрук мусоидат намоянд?

— Баъди пошхӯрии СССР Қонуни гумрукро якум Белорус қабул карду дуюм мо — Тоҷикистон.  Гарчанде азоб ҳам кашидем, вале дар Иҷлосияи тақдирсоз ҳамин ду қонунро гузаронидем. Агар ҳамин ду қонунро қабул намекардем, дар давраи бетартибиҳо чӣ корҳое намешуд. Дар кишвар масъалаи камбуди нон пеш омад. Одамон дар навбат меистоданд. Дар минтақаи Кӯлоб, дар Фархор беморӣ пайдо шуд. Мардум аз гуруснагӣ варам карданд. Намурам гуфта, чизе, ки ёфтанд, хӯрданду гирифтори беморӣ шуданд. Нон нест. Дар мағозаҳо орд нест. Бо мошин ба Тирмиз рафтем. Ҳокими вилоят як нафар зани тоҷик будааст. Туҳфа додему гуфтем, ки мо бо супориши раиси Шӯрои Олӣ омадаем ва қад-қади роҳи оҳан рафтанамон лозим, то вагонҳои ғаллаи Тоҷикистонро муайян созем. Ман якум бор ин биёбонҳоро медидам. То Қашқадарё қад-қади роҳи оҳан рафтему 400 вагон ғалла ёфтем, ки ҳамааш бояд ба Тоҷикистон меомад. Аммо ҳама ҷо вагонҳоро аз релси асосӣ бароварда, дар релсҳои эҳтиётӣ мондаанд. Хулоса, 400 вагон ғалла ёфтаву дар муддати се рӯз қатор карда, аз ҳудуди Ӯзбекистону Туркманистон ба Тоҷикистон фиристодем. Хайрият, ки ҳамон 400 вагон ғалла омаду вазъияти одамон камтар сабук шуд. Қабули қонуни гумрук чунин натиҷаҳо дод. Дигар ин ки қочоқи пахта пешгирӣ шуд. Назму низом пайдо шуд…

Он чӣ аён аст…

— Дастовардҳои Тоҷикистонро баъди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Баргузории Иҷлосияи XVI -ум дар шаҳри Хуҷанд барои пешрафти кишварамон нақши муҳим бозид. Ҳамонҷо Эмомалӣ Шарипович нағз баромад карданд. Гуфтанд, ки “илоҷе мекунем, то ҳамин 1,5 миллион гурезаро аз Афғонистон баргардонем”. Ва ба ваъдаашон вафо карданд.

То имрӯз дигаргуниҳои зиёд сурат гирифтанд. Ба Тавилдара мерафтем, умуман роҳи мошин набуд. Ду маротиба мошинам дар Тавилдара чаппа шуд, қариб ба дарёи Хингоб рафта будам. Ҳоло чӣ? Худатон шоҳиди кушода шудану таъмири сифатноки роҳҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриямон ҳастед, ки чун рагҳои хунгард Тоҷикистони замоне аз ҳам ҷудоро ба ҳам мепайвандад.

Мусоҳиб:

Фазлиддин АСОЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.