Маҳдудияти навбатӣ барои муҳоҷирон дар Волгоград

Дар вилояти Волгогради Русия аз соли 2025 барои муҳоҷирон кор дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, таъмири нақлиёт, мусофиркашонӣ, савдои яклухт ва чакана манъ шуд.

Дар ин бора 13 декабр қарори ҳокими вилояти Волгоград Андрей Бочаров имзо шудааст.

Ин маҳдудиятҳо аз аввали соли 2025 ба иҷро медароянд. Кор дар соҳаҳои мазкур танҳо ба муҳоҷирони меҳнатие, ки бо иҷозатнома (патент) фаъолият мекунанд, манъ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи мақомоти вилояти Волгоград, ин тасмим ба мувозинати рушди бозори меҳнати минтақа ва баланд бардоштани рақобатпазирии корҷӯёни маҳаллӣ мусоидат мекунад.

“Системаи нав инчунин имконият медиҳад, ки ҷараёни ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ танзим шавад ва таваҷҷуҳ ба мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ равона гардад. Чунин мутахассисон, одатан, тибқи дархости корфармо ва раводиди меҳнатӣ кор мекунанд, на бо иҷозатнома (патент)”, — омадааст дар изҳороти мақомоти дахлдор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *