Маҳфили Хайрандеш 40-сола шуд
Солҳои 1981 — 1983 дар шаҳри Душанбе, маҳфили хонагӣ дар хонаи иҷора, воқеъ дар гузаргоҳи 3-юми кӯчаи Фучик, хонаи 18 (соҳибхона бонуи файзободӣ — апаи Гулсара) бо номи маҳфили «Дили Кӯлоб» ба фаъолият оғоз намуд.
Иштирокчиёни доимии маҳфили нахустин 5 нафар будем: Абдулқодири Раҳим, Салими Хатлонӣ, Камоли Қурбониён, Фарҳоди Аброр ( набераи устод Сайдалӣ Вализода) ва Хайрандеш.
Солҳои 1983 — 1986 дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Дарбанд маҳфилҳои хонагӣ ва мактабӣ баргузор мешуд.
Солҳои 1987 — 1993 дар Китобхонаи шаҳри Кӯлоб, дар толори идораи Созмони ҷавонони вилояти Кӯлоб ва дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб даврони гул — гулшкуфии маҳфил буд.
Солҳои 1993 — 2006 дар шаҳри Бохтар, аввал дар бинои театр, баъд дар собиқ бинои шуъбаи қӯрғонтеппагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сипас дар яке аз биноҳои боғи марказии шаҳр идома ёфт.
Солҳои 2007 – 2012 аввал дар Китобхонаи марказии шаҳри Душанбе, сипас дар бинои КВД КТН «Шарқи озод» фаъолият кард. Маҳфили Хайрандеш, инчунин, солҳои 2009 — 2010 дар Радиои Тоҷикистон бо шунавандагон хотирмону шавқовар мегузашт. Ҳамзамон, дар замимаи маҳфили “Хайрандеш» дар Телевизиони кӯдакону наврасон — «Баҳористон» маҳфили телевизионии «Оламафрӯз» таъсис дода шуд.
Аз соли 2012 то ин замон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо номҳои маҳфили “Ҳамешабаҳор”, маҳфили “Равшандилон” ва маҳфили “Дунёи Китоб” фаъолият дорад.
Хайрандеш, шоир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ