Понздаҳ куштаю панҷ маҷрӯҳ, натиҷаи фалокати табиӣ дар Бадахшон

Тавре хабар дода мешавад, рӯзи панышанбе дар вилояти Бадахшони Афғонистон тарма фаромад, ки ин минтақа зери назорати Толибон қарор дорад.
Макони фаромадани тарма рустои Зарандоб, ки дар ноҳияи Роғистон ҷойгир аст, гуфта мешавад. Дар ин макон кони тилло ҷойгир аст.
Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Афғонистонон хабар доданд, ки дар ин тармафароӣ 15 нафар ҷон бохтаанд. ва 5 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Дар Бадахшони Тоҷикистон бошад, рӯзи 24 феврал якбора 16 тарма дар роҳи Хоруғ — Ишкошим фаромад ва хушбахтона талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Тарма танҳо барои чанд муддат роҳро баст ва сипас бо талоши коргарни роҳ ин мушкилӣ бартараф гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *