Маҳлул зидди коронавирус: Пешниҳоди олимони тоҷик ба ҳукумат (видео)

Заробиддин Файзуллозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҳамроҳи академик Фарҳод Раҳимӣ аз кори дастгоҳи истеҳсоли нанозарраҳои нуқра зидди коронавирус ва истеҳсоли маҳлули гипохлориди натрий шинос шуданд.

Ин шиносоӣ 8-уми апрел дар Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимони академия сурат гирифт. \

Олимони тоҷик таҳти роҳбарии академик Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз коронавирус дастгоҳи истеҳсоли наназарраҳои нуқра ва истеҳсоли маҳсулоти гипохлориди натрийро ба роҳ монданд. Ин дастгоҳ оби нуқраро истеҳсол менамояд, ки хосияти зиддивирусӣ ва зиддимикробӣ дорад.

Ҳоло кашфиёти олимони академия барои татбиқ ба Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ки роҳбари ситод оид ба пешгириии сирояти коронавирус мебошад, пешниҳод шудааст. Ҳоло олимон мутанзири посухи мусбати кашфиёти худ ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *