Сирояти каронавирус ба палангу шер

Дар штати Ню Йорки ИМА ҳафт ҳайвони ваҳшӣ ба коронавирус мубтало шудаанд. Дар ин бораи бахши русии ВВС хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳайвоноти гирифтори вирусшуда, чор паланг ва се шер мебошанд.

Гуфта мешавад, ки аломатҳои коронавирус дар вуҷуди ҳайвонҳо охири моҳи март пайдо шудааст.  Гумон меравад, ки вируси мазкур ба вуҷуди даррандагон аз кормандони боғи ҳайвонот гузаштааст.

Тибқи натиҷагирии олимон сирояти коронавирус ба ҳайвон нахустин бор буда, то ҳол дар ҳеҷ ҷои дунё ба қайд гирифта нашудааст. “Мо нашунидаем, ки дар ягон ҷойи ҷаҳон каронавирус ба ҳайвон сироят карда бошад. Сироятёбии ҳайвон аз одамро аввалин бор мебинам” мугӯяд байтори боғи Бруклин Пол Калле.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *