Маҳмадбоқир ҳатман бояд таслим шавад!?

Манобеъ аз Хоруғ хабар доданд, ки мақомот барои таслим шудани Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, як чеҳраи шинохта дар минтақа ва шаш сокини дигари ВМКБ як ҳафта муҳлат додааст.

Мақомот онҳоро дар ҷиноятҳои мухталиф муттаҳам медонанд, вале онҳо даст доштан дар ҷиноятро рад мекунанд.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров

Сокинон мегӯянд, рӯзи гузашта низомиён талоши ҷойгир шудан дар маҳаллаи Дашти Болои Хоруғ, наздик ба маҳали зисти Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро карданд, вале мардум монеъ шуданд. Ҳамчунин чанд сокини шаҳри Хоруғ гуфтанд, ки шаб мардуми зиёде дар кӯчаҳо навбатдорӣ карданд, то аз амалиёти эҳтимолии мақомот ҷилавгирӣ кунанд.

Сухангӯи ҳукумати вилояти Бадахшон Ғолиб Ниятбеков, рӯзи 6-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ вазъро берун аз воқеият тасвир мекунанд. “Хабари тақвияти неруҳо дар Хоруғ дурӯғ аст. Сокинон ҳам шабона ба кӯчаҳо набаромадаанд. Вазъият ором аст ва мардум пайи зиндагии худ ҳастанд. Як гуруҳе дар хориҷа нишаста, ҳар чиз мебофанд, шӯр меандозанд, ки ҳақиқат надорад. Инҷо ҳамкории мардум бо ҳукумат хубтар шудааст”,- гуфтааст ӯ.

Рӯзи 6-уми феврал дар тамоси телефонӣ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “хеле банд аст ва ҳоло имкони суҳбат надорад”.

Як тан аз наздикони Маҳмадбоқиров бо шарти зикр нашудани номаш гуфтааст, ки рӯзи 5-уми феврал халифаҳо (руҳониёни маҳаллаҳои Хоруғ) бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода суҳбат кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки талоши ҳалли мушкилот аз тариқи зӯр имкони бадтар кардани вазъро ба миён меорад.

 Намояндаи Кумитаи норвежии Ҳелсинки Мариус Фоссум, дар саҳифаи Твитераш аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки аз хушунат дар Хоруғ ҷилавгирӣ кунад. Ӯ навиштааст, ки “аз Хоруғ хабарҳои нигаронкунанда мерасанд. Мақомоти Тоҷикистон бояд аз хунрезӣ ва доғ кардани вазъи тарканда ҷилавгирӣ кунанд”.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ба он муттаҳам мешавад, ки ба гуфтаи мақомот, Лутфулло Наврӯзов, сардори Идораи маорифи ВМКБ-ро латукӯб кардааст. Рӯзи 2-юми феврал мақомот эълон карданд, ки нисбат ба Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров дар асоси чор моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз кардаанд. Худи Маҳмадбоқиров гуфт, ки воқеан бо Наврӯзов суҳбат кардааст, вале ӯро назадааст.

Шаш нафари дигаре, ки дар баробари Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров талаби таслим шуданашонро кардаанд, ба он муттаҳам мешаванд, ки рӯзҳои 25-28-уми ноябри соли гузашта ба қонуншиканӣ даст задаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *