Бонки байналмилалии Тоҷикистон соҳиби филиал дар Бохтар шуд

7-уми феврал раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода дар шаҳри Бохтар бинои нави филиали “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”-ро мавриди истифода қарор дод.

Бинои нави филиали Бонк дар шаҳри Бохтар аз таҳхона ва як ошёна иборат буда, дар доираи вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамшудаи кору хизматрасонӣ дар бонки мазкур раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ба масъулон ҷиҳати бунёди иншооти муосири соҳаи бонкӣ изҳори сипос намуда, дастур додааст, ки ба мизоҷон бо сатҳу сифати баланди касбӣ хизматрасониҳои бонкиро анҷом диҳанд.

Таъкид мегардад, ки дар таҳхонаи иншооти замонавии бонкӣ утоқи бойгонӣ, утоқи техникӣ, хазина ва ганҷхона ҷойгир буда, дар ошёнаи аввали он қисми амалиётӣ, ҳуҷраҳои ёрирасон ва утоқи мудир сохта шудааст.

Дар маҷмуъ, бинои муосири филиали ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» дар шаҳри Бохтар аз 8 утоқи кории бо мизу курсии нав ва технологияи муосир муҷаҳҳаз иборат аст, ки дар он шароити зарурӣ барои пешбурди кору хизматрасонӣ барои кормандон ва мизоҷон фароҳам гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *