Маҳмадтоир Зокирзода дар Ереван
Имрӯз, 6 июн як ҳайат таҳти раиси Парлумонии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба шаҳри Еревани Арманистон сафар намуд.
Бино бар иттилои сухангӯи Парлумони кишвар Муҳамадато Султонов, Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳайати ҳамроҳони ӯ — раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки имрӯз 6 июн дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор мегардад, иштирок мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ