Ду савори «Toyota Camry» фавтидаву 9 мусофири автобус дар беморхонаанд (аудио)

Дар Душанбе мошини сабукрав ба автобуси №18 бархӯрда, дар натиҷа ронандаи мошини сабукрав ва мусофири 18-сола ба ҳалокат расида, 9 мусофири автобус ҷароҳат бардоштаанд. Ин ҳодиса 5-уми июн, дар рӯзи истироҳат рух додааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, рӯзи якшанбе, соати 09:16 ба қисми навбатдории кумитаи мазкур дар бораи рух додани садама дар шаҳри Душанбе хабар расидааст.

Ҳангоми расидан ба ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагони КҲФ дар шаҳри Душанбе маълум кардаанд, ки автомашинаи тамғаи «Toyota Camry» таҳти идораи ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар болои пули “Путовский” идораи мошинро аз даст дода, ба автобуси мусофирбарии шаҳрӣ бархӯрдааст.

Наҷотдиҳандагон бо истифода аз асбобҳои махсус ҷасадис қурбониёнро аз мошини харобшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоридаанд.

Дар бархӯрд 9 мусофири автобус ҷароҳат бардоштаанд. Онҳоро ба Маркази миллии тиббии «Шифобахш» бурдаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *