Маҳмурод Одинаев ҳабси думоҳа шуд
Одинаев рӯзи шанбеи 5-уми декабр аз сӯи мақомоти милиса дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт шуд. Ӯро ба авбошӣ муттаҳам карданд.
Як корманди прокуратураи шаҳри Ҳисор гуфтааст,ки ӯро бо талаби прокуратура ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Одинаев давоми ду моҳ дар ҷараёни тафтиши парвандааш дар боздоштгоҳ мемонад ва эҳтимолан муҳлати боздошти ӯ боз дароз карда шавад.
Прокуратураи генералӣ Тоҷикистон пас аз боздошти Маҳмурод Одинаев гуфт, нисбати ӯ бо қисми дуюми моддаи 237, яъне авбошӣ парванда боз кардаанд. Аз рӯи ин айбнома ба Одинаев то 116 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ