Кордзанӣ дар Данғара

Сокини ҷамоати Корез бо корди ошхона ба шиками коргари ошхона зад

Тавре ВКД хабар медиҳад, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ноҳияи Данғара, ки пеш бо моддаи 248 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 5-уми декабри соли 2020, тахминан соати 11:20-дақиқа, дар ҳолати мастӣ ба ошхонаи хусусии марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур, воқеъ дар кӯчаи Зебуниссои ҳамин ноҳия даромада, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо коргари ошхонаи мазкур марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Корез ҷангу ҷанҷол карда, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *