Маҳсулоти арзон ва босифат дар ярмарка
Дар шаҳри Кӯлоб ба хотири арзонии маҳсулоти кишоварзӣ ва шароит фароҳам кардан барои деҳқонон ярмарка-фурӯши мавсимии маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шудааст. Ин ярмарка як моҳ боз ташкил шудааст ва то чанд вақти дигар идома мекунад.
Ҳамидиён Орзу, муовини раиси шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар ярмарка-фурӯши мавсимии маҳсулоти кишоварзӣ барои тақрибан 130 деҳқон ҷойи мувофиқ ташкил шудааст. Ӯ мегӯяд, ки боз дар як вақт то 50 нақлиёти боркаш дар ин макон аз дохили мошин маҳсулоти хешро ба фурӯш мегузоранд.
— Нарх нисбатан арзон аст. Инҷо соҳибкорон не, худи деҳқон маҳсулоташро овардаву ба фурӯш мегузорад. Мардум ин иқдомро хуб қабул карданд. Пештар ҳам чунин ярмаркаҳо ташкил мешуданд. Вале ҷойи мувофиқу муайян набуд. Ин бо фарқ аз дигар давраҳо аз роҳи мошингард дур ва дар макони кушоду мувофиқ ташкил шудааст,- афзуд ӯ.
Ҳамидиён Орзу мегӯяд, ки ташкил кардани ярмарка-фурӯши мавсимии маҳсулоти кишоварзӣ дар пешгирӣ аз савдои кӯчагӣ ва тамбашавии роҳ мусоидат мекунад. Ба таъкиди вай, то як ё ду рӯз мондан ба иди саиди Қурбон боз як ярмаркаи дигари фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал ташкил хоҳад шуд. Мақсад аз ташкил кардани ин ярмарка пеш аз ҳама бо нархи нисбатан арзон пешниҳод намудани маҳсулот дар арафаи ид ба сокинон аст.
Дар арафаи ид дар Тоҷикистон талабот ба маҳсулоти хурокворӣ бештар мешавад. Мутаассифона, аз ин имконият иддае аз соҳибкорон ва фурӯшандаҳои бозорҳо истифода карда, нархи маҳсулоти хӯроквориро ба таври рекордӣ боло мебаранд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ