Ширкати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2022

Дастаи мунтахаби бонувони футболбози Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев дар чемионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 8 то 20-уми июл дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар нахустин чемпионати CAFA миёни дастаҳои мунтахаби занона панҷ даста аз Тоҷикистон, Эрон, Ўзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон ширкат мекунанд. Барои тими миллии Туркманистон ин нахустин иштирок дар мусобиқаи таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ пас аз пандемӣ хоҳад буд.

Дар маҷмуъ, дар доираи чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба нақша гирифта шудаанд.

Тибқи низомнома чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои занона аз рўйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рўи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *