Маҷбуран оиладор кардани ҷавонон оқибати хуб надорад

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» модари азиз, сокини деҳаи Айнии ноҳияи Айнӣ Низомова Мақсуда мебошанд.

Суоли мо ба меҳмони азиз чунин аст:

— Издивоҷ бо хости волидайн сурат гирад, беҳтар аст ё ба интихоби ҷавонон бояд бартарӣ дода шавад?

— Никоҳ савдои умр аст, он бояд бо маслиҳати тарафайн сурат гирад, ки на сих сўзаду на кабоб. Дар урфият мегўянд, ки ҷомаи бомаслиҳат кўтоҳ намеояд, барои ҳамин, андешаи солим бояд дошт.

Волидон, хоса модарон ҳамин ки писардор шуданд, умед мекунанд писарашон ба домодӣ расаду дар бараш ҷомаи шаҳиро дида, ормон шикананд. Чун писар қад кашидан мегирад, ташвишҳои модар зиёдтар мешаваду ҳар духтари зеборо бо чашми харидорӣ менигарад, аммо дар бисёр мавридҳо фарзандон умеди волидонро барбод дода, худашон ҳамсар меёбанд. Ин амри табиӣ аст ва аз ин ҳангома сохтан камоли беақлист. Баъзан мешунавем, ки калонсолон назди ҷавонон шарт мегузоранд, ки ё мо ё хушдорат. Мо бояд аввал дар бораи хушбахтии фарзандамон фикр кунем, дили ўро ба назар гирем. Агар номзади ёфтаи фарзанди мо хушахлоқу ҳунарманд ва аз оилаи солим бошад, набояд фикр кунем, ки ў аз кадом маҳал асту вазъи иқтисодии оилаашон чӣ гуна аст? Зеро дар зиндагӣ чизҳое аст, ки онро бо пул харида намешавад. Ба фарзандон омўзондан даркор, ки зиндагияшонро худашон созанд.

Дар таҷрибаи зиндагӣ мебинем, ки оилаҳои бо ишқу муҳаббат ташкилшуда зиёдтар вайрон мешаванд. Зеро ишқи ҷавонӣ, дўстдорӣ дигар асту зиндагии реалӣ дигар. Бисёр ҷавонон чун бар дӯшашон бори зиндагӣ меафтад, меҳаросанд. Духтарон ҳам мебинанд, ки шавҳари дирўз ошиқу шайдо имрўз бо вай дигар гуна муносибат мекунад, сар мешаванд моҷароҳои оилавӣ. Дар ҳамин ҳолат маслиҳати калонсолон ба ҷуфти ҷавон сахт лозим аст. Падару модар он чиро, ки дар зиндагии хеш диданд, ба фарзандонашон бояд фаҳмонанд, кор бояд то ҷудоӣ нарасад.

Тарҳи издивоҷ ва оилаи нав бояд бо маслиҳати волидону калонсолони авлод ва пурсидани назари ҷавонон сурат бигирад. Дар оиладоршавӣ маҷбур намудани фарзандон оқибати хуб надорад.

Боқӣ, дуо мекунам, ки ҳама издивоҷҳо бобарор, оилаҳо мустаҳкам ва ҷавонон хушбахт бошанд. Зеро оилаҳои ободу хушбахт дар маҷмуъ ободии ин марзу бум ва хушбахтии насли нав аст.

Суҳбаторо: ДИЛОШӮБ  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *