Макс

Макс Холлоуэй муҳорибаи такрорӣ мехоҳад

Собиқ чемпиони UFC дар вазни нимсабук Макс Холлоуэй Конор Макгрегорро ба муҳорибаи такрорӣ даъват кард ва варзишгари ирландӣ посух дод.

— Ман бо Конор Макгрегор такроран ҷангидан мехоҳам, зеро дар вазни нимсабук ман ягона варзишгаре ҳастам, ки бо ӯ се раунд ҷангидам ва бо қарори доварон бохтам. Фикр мекунам, хуб мешавад пас аз ин қадар солҳо бори дигар ба майдон бароем,- гуфтааст Макс.

Дар идомаи суханрониаш Макс қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир омодааст дар дилхоҳ вазн бо Конор ба майдон барояд ва ба боварии ӯ набардашон шавқовар аст барои ҳаводорони муҳорибаҳои омехта.

Дар ҷавоби суханони Макс Холлоуэй Конор Макгрегор чунин посух додааст:

— Ман ҳеҷ вақт ба нафақа намебароям. Аз ин сабаб, ману ту бо ҳам вомехӯрем, дӯстам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *