Маҷмааи “Дуои Модар” дар шаҳри Кӯлоб ба истифода дода шуд (аксҳо)
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба шаҳри Кӯлоб Маҷмааи “Дуои Модар”-ро мавриди истифода қарор дод.
Маҷмааи “Дуои Модар” дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб, дар масоҳати наздик ба 1 гектар бунёд шуда, ба макони зебову назаррабо ва ҷойи қабул ва гусели меҳмонон табдил дода шудааст.
Дар маркази маҷмаа муҷассамаи Модар дар шакли “болои кат даст ба дуо бардошта” сохта шудааст. Дар фарҳанги мардуми тоҷик дуои Модар рамзи ҳифзу амонӣ, сабзишу пешрафт ва комёбиву муваффақиятҳо дониста мешавад.
Пасманзари муҷассамаро асари бадеии монументалӣ дар васфи Модар зеб медиҳад. Ин асар аз 6 қисм иборат аст ва ҳар яки онҳо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Модар баҳри тарбия ва ба камол расонидани фарзандро инъикос мекунанд. Ҳамзамон дар ин асар расму ойин, рӯзгору пайкори мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст.
Муҷассамаи “Дуои Модар” ва асари бадеии монументалӣ дар васфи Модар аз ҷониби ҳайкалтарошони маҳаллӣ, ки аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон мебошанд, бунёд ёфтааст.
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и шаҳри Кӯлоб таҳия шуда, фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Паргор” мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ