Илҳом Камолов: Талош мекунем, ки қарз пурра пардохт шавад (аудио)

Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷайҳун аз шабакаҳои барқ каму беш 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки қарзи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар назди ин идора ба 5 миллону 500 ҳазор сомонӣ расидааст.

Илҳом Камолов, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки қарзи ҳақи хизмати обрасонӣ аз солҳои 2013 ба ин тараф аст.

Ӯ мегӯяд: “Дар ноҳия 9 ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият мекунанд, ки дар маҷмуъ 5 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз идораи мо қарздоранд. Қарзи идораи мо дар назди шабакаҳои барқ аз 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ гузаштааст. Бо истифода аз 34 насоси обкаш беш аз ҳашт ҳазор гектар замин обёрӣ мешавад. Аз ин ҳисоб истифодаи барқ бештар аст. Аммо сабаби асосии қарздорӣ — ин сари вақт пардохшт нашудани ҳақи хизмати обрасонӣ аст”.

Илҳом Камолов мегӯяд, ки “бо роҳбарони ассотсиатсияҳо суҳбат кардаем ва талош мекунем то охири сол қарз аз ҳақи хизмати обрасонӣ ва ҳам барқ пурра пардохт карда шавад”.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *