Маҳаллаҷанг ё мактабҷанг?

Муноқишаи гурӯҳӣ ҷони ду ҷавонро рабуд

Соли 2016 – соли Ҳамдуна дар масъалаи муноқиша ва занозании байни мактабҳо орому сокит гузашт. Нав шукргузорӣ карданӣ будем, ки дар рӯзи дуюми соли нави 2017  миёни хонандагони мактабҳои рақамҳои 43, 54 ва 101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе занозанӣ ба амал омада, дар натиҷа ду ҷавон кушта шудаанд. Ба иттилои мақомот, ҳодисаи занозанӣ миёни мактаббачаҳо шаби 2 ба 3 январ дар яке аз интернет-кафеҳои воқеъ дар маҳаллаи 103-юм

наздики Донишкадаи ҳарбӣ рух додааст. 3 январ ҷасади Сомон Шарифов, хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 54 ва қурбонии дуюми ин фоҷиа Иброҳим  ба хок супурда шуд. Дар ин занозанӣ яке аз талабаҳои мактаби шумораи 101 низ ҷароҳат бардоштааст. Бо мақсади бештар рӯшанӣ андохтан ба ин ҳодиса мо нахуст ба директори муассисаи таълимии миёнаи умумии №54-и ноҳияи Сино Малоҳат Раҳимова мусоҳиб шудем.

— Занозании бачаҳо шаби 2 ба 3 январ дар қаҳвахонаи маҳаллаи 103-юм сар задааст, — гуфт парешонҳолона М. Раҳимова. – Хонандагони мактаби мо, ки то моҳи феврал дар таътили зимистона мебошанд,  дар он иштирок накардаанд.

— Муаллима, мо огоҳ ҳастем, ки ҷавони кушташуда хонандаи синфи 11-и мактаби шумо будааст. Дуруст, ки ҳоло таътил асту падарону модарон барои кирдори фарзандонашон ҷавобгаранд, пас чаро ошкоро намегӯед, ки чанд хонандаи мактаби шумо дар занозанӣ иштирок кардаанд? – суол кардем аз ӯ.

-Боз мегӯям, ки хонандагони мактаби мо дар занозанӣ иштирок накардаанд. Мақомот тафтишот бурда истодааст, баъд маълум мешавад. Узр, дигар ҳеҷ чиз гуфта наметавонам, — суҳбатро хотима дод М. Раҳимова.

Директори  муассисаи таълимии миёнаи умумии 101-и ноҳияи Сино,

ки  дар суҳбат нахост номашро ифшо кунад, аммо тариқи телефон аз Раёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфтанд, ки исми ӯ Ибодат Усмонова аст, мегуфт, ки «аз ин ҳодиса хуб огоҳ нестам ва ягон хонандаи мактаби мо дар он иштирок нанамудааст. Чанд нафар кушта шудааст, намедонам ва ягон нафари онҳо  ба мактаби мо алоқамандӣ надоранд». Хостем, боз чанд саволаш диҳем, аммо бо баҳонаи «ба бухгалтер кор дорам» баромада рафт. Хеле интизораш шудем, аммо наомад. Ночор роҳи муассисаи таълимии миёнаи умумии 43-и ноҳияро, ки дар ҳамсоягии  МТМУ №101 воқеъ будааст, пеш гирифтем.

Хулоса кардем, ки директорони мактабҳои мазкурро касе ё мақомоти дахлдор, ки пеш аз мо бо онхо омада суҳбат ороста будаанд, қатъӣ ҳушдор додаанд, ки дар бораи ин ҳодиса ба ВАО маълумот надиҳанд. Бар замми ин, саҳари 3 январ вобаста ба ҳодисаи занозанӣ дар ҳузури раиси ноҳияи Сино ҷаласаи фаврӣ сурат гирифта будааст. Дар занозании  гурӯҳӣ, ки  шаби 2 январи соли ҷорӣ сар зад, ду нафар ҷон бохтанд. Тавре ки гуфтем, як нафари онҳо  собиқ хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 будааст.

Дар суҳбат бо «Тоҷикистон» Сабоҳат Ганҷарова, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 иброз дошт, ки дирӯз аз мақомоти  милитсия ба мактаб намоянда омада, ҳуҷҷатҳои лозимиро аз назар гузаронида, бо худ гирифта рафтанд.   Хоҷаев Иброҳим, ки кушта шудааст, собиқ хатмкардаи мактаб буд  ва қурбони ҷанги байни маҳаллаҳо ва хонандагон гардид.  Хоҷаев соли 2014 синфи 9-ро дар муассисаи таълимии №43 хатм карда, аттестат гирифта рафтааст ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ аз хушахлоқии ӯ ҳарф мезананд.

— Аввал ба ман соати 5-и субҳ занг заданд. Гуфтанд, ки соати 7-и субҳ маҷлиси назди раиси ноҳия мешавад. То омадан ба маҷлис дар бораи ин муноқиша хабар надоштам.  Сипас, дар  маҷлис фаҳмидам, ки дар муноқиша қисме аз собиқ хатмкардагони мактаби мо будаанд. Ганҷарова дар ин муноқиша мактабро гунаҳгор намедонад, зеро ин ҳодиса дар рӯзи таътил ва шабона, тақрибан соатҳои 11-и шаб  сурат гирифтааст. Ҳамчунин, ин ҷанҷол миёни маҳаллаҳо будааст, на хонандагони мактаб .

-Вақте ки ин ҳодиса сар зад, падару модарон дар куҷо буданд? Чаро фарзандонашонро беназорат мегузоранд? –бо тааҷҷуб ба мо нигариста мепурсад директори мактаби мазкур.

Шоҳидони ҳодиса нақл мекунанд, ки ибтидо ҷангҷоли мактаббачагон дар назди қаҳвахонаи «Валӣ» -и маҳаллаи 104

сар зада, баъдан бо ҷамъ шудани хонандагони дигар то назди «танк»-и Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа меравад. Маҳз дар  ҳамин ҷо муноқиша ба куштор анҷом меёбад.

Директори МТМУ -и№43 аз он нигаронӣ дорад, ки дар шаби Соли нав дар кӯча одамони зиёде гашту гузор доштанд,  аммо  бисёриҳо инро диданду монеи муноқиша нагаштанд ва ҷони ҷавони ду нафар аз даст рафт. Мойхон Шарифова, модари Сомон Шарифов,  гуфтааст, ки  шаби ҳодиса соатҳои тақрибан нуҳ як нафар ба писараш занг зад ва ба берун даъват кардааст. Сомон ба модараш гуфтааст, як дӯсташро гусел мекунад ва бармегардад. Баъд аз се соат онҳо хабар ёфтанд, ки писараш кушта шудааст. Як омӯзгор, ки нахост номаш ифшо шавад, низ гуфт, ки саркардаи занозанӣ миёни мактаббачаҳои синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шумораи 43, 54 ва 101-и ноҳияи Сино, онҳое будаанд, ки мактабро соли гузашта хатм кардаанд. Сабабҳои ин занозанӣ то ба ҳол маълум нест, аммо ба гуфтаи наздикони яке аз қурбониёни ҳодиса, пулис чанд нафарро дар ин робита боздошт кардааст ва дар ҳоли ҳозир онҳо дар боздоштгоҳи шуъбаи корҳои дохилии ноҳия нигаҳдорӣ мешаванд. Аммо то охир маълум нашуд,ки ин фоҷиа байни хонандагони мактабҳо буд ё байни ҷавонони ду маҳалла? Умедворем, ки сохторҳои босалоҳият ба ин савол ва боз чандин саволи дигар дар ин маврид ҷавоб хоҳанд ёфт.

Э.Назариён,

У. Раҳимзода,

Д. Саъдуллоев (суратгир),

 хабарнигорони махсуси

«Тоҷикистон»

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *