Суғд: Модари 23 сола сегоник таваллуд кард

Соли 2016 дар вилояти Суғд чаҳорумин сегоник таваллуд шуд. Сегоники охирон, ки ду духтар ва як писар мебошад рӯзи 18 декабр ба дунё омад. Онҳо бо вазни аз 1 килою 400 грамм то 1 килою 800 грамм таваллуд шуданд, ки ҳоло низ зери назорату духтурон қарор доранд. Модари сегоникҳо сокини 23 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилафрӯз Ахмедова дар сӯҳбат гуфт, ки оҳиста-оҳиста кӯдаконаш вазн гирифта истодаанд. Ба сегоникҳо Фарзона, Фараҳноз ва Анисҷон ном гузоштаанд.

 Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд ҳолати тавлиди сегоникҳо бори аввал набуда  моҳи сентябр  дар арафаи ҷашни Истиқлолият Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи ифтитоҳи бинои нави Раёсати вилоятӣ ва шаҳрии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Кохи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ва Кохи фарҳанги “Суғдиён” ба 25 ҷуфт оилаҳои навбунёд шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба 25 навзод шаҳодатномаи таввалуд супоридааст. Инчунин дар пайи ин тақдимот сарвари давлат ба волидони сегоникҳо Мутаалибҷон Набиев ва Мағфират Набиева калиди хонаи се ҳуҷраӣ тақдим карда буд.

                                                                                                                                                Фарзо

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *