Маҳаллаи «Варзоб ГЭС» бе ҷубронпулӣ кучонида мешавад?

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба таҳияи феҳристи сокинони маҳаллаи мавсум ба «Варзоб ГЭС» шурӯъ карданд, ки баъди тахриби манзилҳояшон қарор аст бо ҷубронпулӣ таъмин шаванд.

Маркази сайёҳӣ ба ҷои хонаҳои истиқоматӣ

Мақомот гуфтаанд, ки дар ҷои истиқомати 31 хонавода ва ду фурӯшгоҳ, ки дар канораҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошанд, қарор аст як маркази нави сайёҳи бунёд шавад. Охири ҳафтаи гузашта даҳҳо сокини ин маҳалла ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки онҳоро аз хонаҳояшон берун мекунанд ва бар ивази ин ба онҳо манзил ва ҷубронпулӣ доданӣ нестанд.

Рӯзи 5-уми ноябр мақомоти шаҳрдории Душанбе гуфтанд, ки ба таҳияи феҳристи сокинони ин маҳалла шурӯъ кардаанд ва ният доранд, то ба гуфтаашон, ба онҳо ҷуброни пулии хонаҳояшонро бидиҳанд. Дар ин маҳалла ҳудудан 200 нафар зиндагӣ мекунад ва баҳси онҳо бо мақомот инак ду сол аст, ки идома дорад. Мурофиаҳои додгоҳӣ дар судҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ будани ин манзилҳоро тасдиқ кардаанд.

Шикояти сокинон аз тасмими мақомот

Даҳҳо сокини маҳаллаи мавсум ба «Варзоб ГЭС» (ва ё “Варзоб ГЭСи боло”), ки дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҷойгир аст, аз тасмими мақомот барои аз ин маҳалла берун кардани мардум шикоят карданд. Аз ҷумла, сокинон гуфтанд, ки мақомот ва додгоҳи шаҳри Душанбе хонаҳои онҳоро ғайриқонунӣ эълон карда, аз онҳо талаб намуданд, ки макони зисти худро тарк кунанд.

Нақшаи мақомот ин аст, ки дар ин макон як маркази нави сайёҳӣ бунёд шавад. Мақомот мегӯянд, ки ин оилаҳо дар солҳои 1990-ум дар замони бебандубориҳо ин хонаҳоро соҳиб шуда, дар асл хонаҳо ба онҳо ғайриқонунӣ фурӯхта шудааст. Вале соҳибони манзилҳо мегӯянд, баробар бо додани нархи хона санадҳои заруриро ҳам дар ихтиёр доранд.

«Бо 21 узви оила куҷо равам?»

Гулчеҳра Сафарова, як сокини ин маҳалла рӯзи 5-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки 23 сол дар ин маҳалла зиндагӣ мекунад ва дар оғози даҳаи 1990 ба унвони корманди собиқадори «Турбаза» аз маъмурият манзилашро харидорӣ кардааст. Вай мегӯяд, ҳоло мақомот бар ин назаранд, ки манзили ӯву дигар ҳаммаҳаллаҳояш ғайриқонунӣ гирифта шудааст ва ба ҳамин хотир ҳам бояд «бидуни дарёфти ҷубронпулӣ ва пешниҳоди манзили дигар», хонаашро холӣ кунад.Вай мегӯяд, бар ивази 18 ҳазор доллари амрикоӣ ин манзилро харида буд ва агар ғайриқонунӣ бошад, пас чаро идораи сабти амвол онро қонунӣ дониста, барояш ҳуҷҷати соҳибмулкӣ дод? «Дар оилаи ман 21 нафар зиндагӣ мекунанд, дар ин фасли зимистон ман куҷо меравам? Мо ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шаҳри Душанбе муроҷиат кардем, вале суд қарор кард, ки хона ғайриқонунӣ мебошад. Чаро мақомот ба мушкили мо расидагӣ намекунад?»,-мепурсад Гулчеҳра Сафарова.

Мисли Сафарова дар ин маҳалла даҳҳо нафари дигар ҳам зиндагӣ мекунанд ва мегӯянд, дар сурати аз хона маҳрум шудани онҳо, мақомот бояд ба онҳо ҷуброни ин хонаҳоро пардохт кунанд. Сокинони манзилҳои тахрибшавандаи маҳаллаи «Варзоб ГЭС» мегӯянд, ки аз тасмимҳои додгоҳӣ рӯҳафтода шудаанд ва мехоҳанд ба созмонҳои байналмиллалӣ шикоят кунанд.

Мақомот: «Хонаҳо қонунӣ бошанд, ҷубронпулӣ мегиранд»

 

Мақомоти шаҳрдории Душанбе, ки дар оғоз гуфтанд, «агар хонаҳо қонунӣ бошанд, ҷубронпулӣ мегиранд», баъди шикояти дастаҷамъии сокинон дар охири ҳафтаи гузашта ба тартиб додани феҳристи сокинон пардохтанд.

Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи шаҳрдори Душанбе рӯзи 5-уми ноябр баъд аз машварат бо раҳбарияти пойтахти Тоҷикистон дар посухи катбӣ навишт, ки «агар хонаҳои онҳо қонунӣ бошанд, ҳатман барои кӯчондан ҷубронпулӣ медиҳанд. Масъалаи мазкур дар баррасӣ қарор дорад. Иншоаллоҳ ба фоидаи сокинон ҳал хоҳад шуд».

Вакили дифоъ: «Чаро додгоҳ шикояти сокинонро нодида гирифт?»

Зариф Мухторов, намояндаи ҳуқуқии бархе аз сокинони ин маҳалла дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бештаре аз сокинон барои киро кардани вакили дифоъ маблағи зарурӣ надорад. Ба ин хотир, ҷаноби Мухторов барои таҳияи аризаҳои шикоятии ин сокинон барояшон кӯмак кардааст.

Вай дар посух ба ин савол, ки чаро додгоҳҳо шикояти ин сокинонро сарфи назар карда, қарор кардаанд, ки онҳо ғайриқонунӣ дар манзилашон зиндагӣ мекунанд, гуфт, ин сокинон бо имзои собиқ шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи соҳибмулкӣ ҳуҷҷат доранд. То ҳол чунин қарорҳои шаҳрдори собиқ бекор нашудаанд.

 

«Гузашта аз ин, сокинон дар тӯли ин солҳо моликияти худро дар додгоҳҳо қонунӣ кардаанд (легализатсия) ва ин қарорҳо низ бекор нашудаанд. Аммо, додгоҳ бо талаби Кумитаи андоз манзили ин сокинонро ғайриқонунӣ медонад. Мантиқи чунин қарорҳои додгоҳӣ бароям рӯшан нест»,-афзуд Зариф Мухторов.

Қазияи сокинони маҳаллаи «Варзоб ГЭС» дар ҳоле пеш омадааст, ки дар чанд соли ахир мавзӯи кӯч додани маҳаллаҳои маркази шаҳри Душанбе тибқи барномаи бозсозии пойтахти Тоҷикистон ё ба истилоҳ «Генплан» ба мавзӯи доғе табдил шудааст. Мақомот мегӯянд, ба сокиноне, ки аз макони зисти худ кӯч дода мешаванд, манзили баробар ваё ҷубронпулӣ пардохт мешавад, вале дар бархе ҳолатҳо сокинон аз тасмимҳои мақомот шикоят мекунанд.

 

Искандари Фирӯз

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *