Маҳбуба Неъматзода – Самарқанд
Шеърҳо барои кўдакон
Салом
Саҳар бархезам аз хоб,
Пештарак аз офтоб.
Аввал шуста дасту рўй,
Шона занам ман ба мўй.
Сонӣ ду даст пеши бар,
Саломгўён ба модар.
Бигўям аз дилу ҷон,
Салом салом бибиҷон.
Бобо салом бигўям,
Додо салом бигўям.
Ҳар гаҳ ба мактаб оям,
Шодӣ зи дил намоям.
Салом бигўям шодон,
Бар ҳамаи устодон.
***
Модарҷонам, модар
Модарҷонам, модар,
Хеле дўстат медорам.
Бароям ту ягона,
Файзи ин дару хона.
Саҳар хезӣ модарам,
Боғча барӣ додарам.
Ҳавлӣ рўбӣ шитобон,
Ош пазӣ дав-давон.
Тозонӣ рў ба бозор,
Бардорӣ бори бисёр,
Аз ҳама худат чаққон,
Аз додоям худат зўр,
Аз акоям худат зўр.
Ҳамеша бошӣ ҷавон,
Пир нашавӣ, модарҷон.
Биё, бўсам аз рўят,
Биё, бўсам аз мўят.
Лек аз ҷоям наҷунбон,
Худат рафта биёр нон.
***
Сафедаки бо адаб
Дорам ман як гурбабачча,
Сафедаки бо одоб.
Аз болои кати нарм,
Ҳамроҳам мекунад хоб.
Дар бағалам то саҳар,
Хўр хўру хўр мекунад,
Зиқ бошад аз дили ман,
Ғамҳоям дўр мекунад.
Мўш ўро аз дур бинад,
Дирр дирри дир меларзад,
Ин хел гурба ҳар бегоҳ,
Палав хўрад меарзад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ