Гулҷаҳон Исоева: Илтимос духтарамро пайдо кунед!

Рӯзи панҷум аст, ки Зӯҳро Исоева гум шудааст. 
Имрӯз модари вай Гулҷаҳон Исоева бо чашмони пурашк ба хабарнигори tajikistantimes.tj гуфт, ки «Духтари 17 солаам рӯзи 5-ум аст, ки аз хонаамон, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Россия, кӯчаи Алочабоф 154 аст баромада бедарак шудааст»

 Модар ҳамчунин илова намуд,» Ман касе надорам танҳо умедам ба ҳукумату мақомоти қудратӣ аст, ки фарзанди маъюби маро ёфта сиҳату солим бармегардонад. Илтимос ҳар касе,ки духтарамро дидааст ё хабаре дар борааш дорад кумак кунед»

Ба гуфтаи Исоева духтараш маъюб буда, биноии чашмонаш 80%-ро ташкил медиҳад.

Ҳар касе,ки метавонад ба ин модари фарзангумкарда кумаке расонад метавонад ба телефонҳои  91 739 54 55, 90 277 75 92, 934 21 11 73 занг бизанад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *