Президент Навоз Шарифро ба ҳузур пазируфт

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз зӯҳри 5-уми июл дар Қасри Миллат бо Муҳаммад Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, дидору гуфтугӯ кард. Нахуствазири Покистон бо як сафари расмии дурӯза имрӯз вориди Тоҷикистон шуд. Пас аз истиқболи расмӣ, мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Навоз Шариф баргузор шуд. Пас аз он мулоқоти ҳайатҳои расмии ду тараф идома кард. Дар назар аст дар поёни мулоқоту гуфтугӯҳо, чанд санади ҳамкорӣ, имзо шавад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон қаблан гуфт, ки интизор меравад дар ин дидору мулоқотҳо мавзӯи раванди иҷрои тарҳи энержии минтақавии CASA-1000, ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмиллалӣ ва муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, баррасӣ шаванд. Ин дувумин сафари Навоз Шариф ба Тоҷикистон дар ду соли ахир аст. Вай 2-юми майи соли 2016 дар маросими расмии оғози кор дар тарҳи CASA-1000, ширкат карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *