Маҳфили эҷодии С.П. Никоненко дар Душанбе
Санаи 6 уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе маҳфили эҷодии Артисти халқии Федератсияи Россия С.П. Никоненко таҳти унвони «Лашкари фанонопазир» баргузор мегардад.
Чорабинии фарҳангӣ бо мақсади мустаҳкам кардани муносибатҳои фарҳангии Россия ва Тоҷикистон, инчунин бахшида ба 75-солагии муҳорибаи назди Маскав, ки дар он дивизияҳо аз Тоҷикистон низ иштирок доштанд, гузаронида мешавад.
Ташшабускори баргузории маҳфили эҷодӣ Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия ва Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ