Боздошти Роман Сушенко бо айби ҷосусӣ

Роман Сушенко, рӯзноманигори украинии хабаргузории «Укринформ» дар Москва бо айби ҷосусӣ боздошт шудааст. Дар ин бора ҳомии ҳуқуқи инсон Зоя Светова хабар медиҳад.

Роман Сушенкои 47-сола мегӯяд, 30 сентябр боздошт шудааст. Мақомоти рус ба вай фишор оварда, иҷозат надодаанд, ки бо ҳамсараш тамос бигирад. Рӯзноманигорро дар «ҷосусӣ» айбдор мекунанд. Ин модда аз 10 то 20 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Хабаргузории «Укринформ» боздошти Роман Сушенкоро иғови тарҳрезишуда меномад.

Барои рӯзноманигори украинӣ аллакай вакили дифоъ киро шудааст. Вакил ба Москва омада, ният дорад, бо зерҳимояташ мулоқот кунад.

Хабаргузории «Укринформ» аз ҷомеаи рӯзноманигроӣ, созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои хориҷӣ хостааст, ки озодии Сушенкоро талаб кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *