Маҷлиси Ҳукумат сар шуд
Имрӯз субҳ дар Душанбе маҷлсиси солонаи ҳукумати Тоҷикистон оғоз ёфт. Ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат аз нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли гузашта натиҷагирӣ мешавад. Манбаъ мегӯяд, дар ин ҷаласа раҳбарият ва аъзои ҳукумат, дастгоҳи раёсати ҷумҳур, раҳбарони сохторҳо ва мақомоти марказии давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисҳои таълимӣ, бонкҳо ва рӯзнома ва расонаҳои расмӣ ҳузур доранд. Сарвазир Қоҳири Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ дар соли 2017 гузориш медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ