Алишер: Бигзор модарам дар пеши қонун ҷавоб диҳад

Аз рӯзи рух додани чунин ҳодисаи нангин ва ногаҳонӣ то ҳол ба худ наомадаам. Барои фарзанд осон нест бардоштани чунин ғам, агар модар падар бо аҷали худ фавтад-ку инқадар руҳафтода ва ғамгин намешавӣ, вақте дар сари пирӣ бо чунин доғи тозанаванда мемиранд, барои сухан гуфтан гап ҳам ёфта намешавад. Аслан  модарам- Дилнора Носиров зани дуюми раҳматии падарам-Иброҳим Ҳусейнов  буд. Мо се фарзанд ҳастем ва зиндагиямон хуб, шароити иқтисодиямон низ хуб буд. Яъне проблемаи молӣ вуҷуд надошт, ки гӯем сабаби муноқиша шуда бошад.

Ҳатто ҳамон шаби (7-январ)  аз дасти модарам  куштани шудани падарам низ сарҷамъ хӯроки шом хӯрда будем ва касе бо касе  ҷангу ҷидол накарда буд. Алббата дар оилаҳо нофаҳмӣ ва муноқиша рух медиҳанд, аммо маҳз дар  ҳамон шабу рӯзи  ҳодисаи куштор  байни модар ва падарам ҷангу хархаша нашуда буд-гуфт писари марҳум, Алишер Ҳусейнов.

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед.

                                                                                                                     Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *