Маҷнуни қотил ё наврӯзи хунин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

 Хабари кушта шудани як ҷавонзани 33-сола дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар рӯзҳои иди Наврӯз паҳн гашт, ба думболи худ сару садоҳои бисёреро ба бор овард. Яке мегуфт, ки занро шавҳари дуюмаш аз сари рашк ба қатл расонидааст, дигарӣ ин ҳодисаи нохушро ба пул рабт дода, иддао менамуд, ки ҳадафи қотил дуздӣ будааст. Ин овозаҳо то куҷо ҳақиқат доранд? Чаро боз як зани тоҷик қурбони теғи мард гашт? Барои посух ёфтан ба ин суолҳо субҳи барвақт роҳи ҷамоати деҳоти Шарифободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро пеш гирифтем.

Нолаи ҷонсӯзи модар

“….Духтари душмандори оча, духтари аз бахт наосудаи оча, кадом гурги бераҳм ба гулӯят панҷа зада, туро ваҳшиёна кушт? Қотили худозада фикри ду фарзанди бепадари туро накард, ки тамоман ятим гашта, ҳолашон бе модар зор мешавад? Духтари хушрӯю пурҳаваси оча, барои сӯзондани модари пират дар рӯзи Наврӯз сурат гирифтӣ, ки баъди марги ту хандаҳои хушрӯятро дида, сӯхта хокистар шавад? Парвинаи шоираи оча, дафтарҳои пур аз шеъру ғазалатро ба мо ёдгорӣ монда рафтӣ? Илоҳо хонаат сӯзад қотил, барои чӣ хонаи духтарамро ғамхона кардӣ….”

Модари фарзандгумкарда аламҳояшро як-як гуфта хун мегирист. Нолаи пурсӯзу гудози ин зани синачок дили санги хороро низ ба гиря меовард, вале тақдирро тадбир нест ва бо оби дида рафтагонро дубора зинда карда намешавад.

Модари Парвина:

Гург барин аз паси духтарам мепоид

-Ҳамдардии кормандони ҳафтаномаи “Оила”-ро қабул намоед.  Медонем, ки ба гӯши шумо дар ин лаҳзаҳои душвор ҳатто овози булбул намефорад, вале овозаҳои пас аз марги духтаратон пайдошуда моро маҷбур карданд, ки ба суроғи шумо омада, ҳақиқатро аз забони худатон шунавем. Мегӯянд, ки Парвинаро шавҳари дуюмаш аз рашк куштааст?

-Ин овозаҳо дурӯғанд. Духтари маро шавҳараш накуштааст. Бахти аввали Парвина омад накард, шавҳарашро куштанду духтарам бо ду духтарча монд. Барои он ки танҳоияшро ҳис накунад, мо дар як гӯшаи замини худамон ду дар хонача сохта ба Парвинаю кӯдаконаш додем.  Дар ҳамин ҷо вай дубора ба шавҳар баромад. Домодам одами хуб аст, духтарчаҳои Парвинаро мисли фарзанди худаш дӯст дошта, мудом сарашонро сила мекунад….

Ҳоло шавҳари Парвина дар  куҷост?

-Вай дар Россия кор мекунад ва соле танҳо як бор меояду меравад. Марди бонангу баномус аст, ҳар моҳ ба Парвинаю кӯдаконаш пул мефиристод, ки ба ягон кас муҳтоҷ нашаванд…

Пас, овозаҳо дар бораи он ки Парвинаро барои пул куштаанд, ростанд?

-Мақсади қотил пул не, чизи дигар буд. Ин бача кайҳо боз мисли гург аз паси духтарам поида мегашт ва оқибат корашро кард.

-Шумо гуфтаниед, ки Парвина қотилро хуб мешинохт?

-Салоҳиддин чанд сол боз аз паси Парвина давида мегашт, вале духтарам ба ӯ рӯйи хуш намедод. Мегуфт, ки ман шавҳару фарзанд дорам, рав аз паси зиндагии худат шав, ӯро дашном медод, ҳақорат мекард, вале ба ин ҷавонмарди бешарму беҳаё гап таъсир намекард.

Бародаронаш медонистанд, ки ин ҷавон Парвинаро озор медиҳад?

-Медонистанд. Як рӯз хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрдем, ки баногоҳ садои доду войи Парвина баланд шуд. Саросема ба хонааш рафта пурсидам, ки чӣ гап шудааст. Парвина ҳамон бачаро ба ман нишон дода гуфт, ки ҷонам аз дасти ин аҳмақ ба лабам расидааст. Аз меҳмони нохонда пурсидам, ки ту кистӣ. Салоҳиддин ном дорам гуфт. Гуфтам, ки барои чӣ ба ин ҷо омадаӣ, охир духтари ман шӯ дорад, фарзанд дорад, барои чӣ аз пушти зани шавҳардор давида мегардӣ. Хола, ин айби ман не, айби дилам, ман ҳам зан дорам, лекин духтари шуморо дӯст доштаам гуфта хандид. Таваллудат чанд аст гӯям, 1986 гуфт. Парвина очаат мешавад, рафта ягон ҳамсоли худатро ёб гуфта, базӯр ӯро рондам. Чанд рӯз  Парвина барои гирифтани маблағи фиристодаи шавҳараш ба маркази ноҳия рафт. Салоҳиддин аз пасаш поид, боз пеши роҳи духтарамро гирифтааст. Парвина ба додараш Субҳиддин занг зада гуфт, ки зудтар расида биё, ки ин “чабан”-и худозада маро боз ғам дода истодааст. Соҳиб акаи калонашро гирифту ба район рафтанд. Онҳо Салоҳиддинро кашолакунон ба милисахона бурданӣ шудаанд, вале вай ба пеши пойи писаронам афтида, зорию тавалло кардааст, ки ин дафъа аз гуноҳи ман гузаред, дигар ба Парвина наздик намешавам. Бачаҳоям ба қавлу қасамаш бовар карда, Салоҳиддинро ба милиса насупориданд, вале ин номард домони духтарамро раҳо накард.

Ҳамсари Салоҳиддин медонист, ки шавҳараш аз паси зани дигар кашола шуда мегардад?

-Медонист. Ҳама хешу табораш медонистанд. Як рӯз модараш доду фарёдкунон ба сарамон омад, ки духтари ту хонаи писари маро сӯхт, аз рӯйи Парвина Салоҳиддин зани якумашро талоқ дод. Харҷу хароҷоти бисёре карда, ӯро дубора хонадор кардам, вале муносибаташ бо зани дуюмаш ҳам бисёр бад аст. Метарсам, ки дубора хонавайрон мешавад. Инсоф доред ё не, охир келини ман ҳомиладор аст, хонааш вайрон шавад, кӯдакаш зиндаятим мешавад. Оҳи дили кӯдаки бегуноҳ шуморо мегирад. Модари Салоҳиддин дар ҳама бадбахтиҳои оилааш духтари маро гунаҳкор намуда, дашному ҳақорату дуоҳои бад мекард. Гуфтам, ки хоҳар, келинат насиб кунад, ман духтари дар кӯча мондагӣ надорам, ки бароварда ба писари ту диҳам. Шукри Худо духтари ман шавҳар дорад, фарзанд дорад, хонаву дари обод дорад. Бачаи ту  моро ғам медиҳад, девонагӣ мекунад. Духтарам  ба хубӣ мефаҳмонад,  дашному ҳақорат мекунад, ки ман шӯ дорам, рав аз паси зиндагии худат шав, лекин писарат боз аз паси вай мегардад, чӣ кор кунем?! Занак ба гапҳои ман бовар накард. Парвина телефонашро бароварда смс-ҳои навиштаи Салоҳиддин ва ҷавобҳои худашро нишон доду исбот кард, ки Салоҳиддин аз паси ӯ мегардад, на ӯ аз паси вай. Муслима айби бачаашро фаҳмида: “бачаи худозадаи ман ин дафъа биёяд, шишаҳои мошинашро зада майда-майда кунед ё ӯро бо санг зада кушед!” гӯён, гиря кард. Гуфтам, ки хоҳар, мо одамкуш нестем, ки бачаи туро кушем, ту модар ҳастӣ, писаратро аз роҳи бад гардон. Гумон доштем, ки баъди ин моҷаро Салоҳиддин Парвинаро ба ҳоли худаш мемонад, вале рӯзи дигар вай боз маст шуда ба хонаамон омад ва худашро дар пеши пойи духтарам партофта, зорию таваллокунон гуфт, ки “Парвинаҷон, ман туро дӯст медорам, чӣ кореро, ки нагӯӣ, ба хотири ту иҷро мекунам”. “Дафъ шав “чабан”, аз рангу рӯят безорам”,- гӯён, Парвина ӯро тела зада аз дар берун карданӣ шуд, вале нарафт. Келинҳоям гапҳои сахт зада ӯро ронданд, вале мурдаашро партофта, ҳеҷ рафтан намехост. Ҳайрон шудам, ки наход мард то ҳамин андоза худро паст занад…

Муносибати Парвина бо шавҳараш чӣ гуна буд?

-Онҳо ҳамдигарро дӯст медоштанд ва ҳар шаб то қарибиҳои саҳар телефонӣ суҳбат мекарданд. Ҳамон шаби наҳси рӯй додани ин ҳодисаи мудҳиш низ духтарам то соатҳои 12-и шаб  бо воситаи ИМО бо шавҳараш гап задааст.

-Духтаратонро дар хонаи худаш куштаанд. Магар касе набуд, ки ба имдодаш расад?

-Мо дар як ҳавлӣ бошем ҳам, хонаи Парвина ҷудо аст. Духтарам то нимаи шаб ҳамроҳи шавҳараш суҳбат карда, баъд барои қазои ҳоҷат ба берун мебарояд. Салоҳиддин аз пушти тиреза суҳбати онҳоро гӯш мекардааст. Вақте ки Парвина ба ҳоҷатхона медарояд, ин гурги дупо якбора ба гарданаш банд андохта, ӯро буғӣ кардааст. Парвинаи ман духтари ботанутӯш буд, қотил иқрор шудааст, ки бо буғӣ кардан Парвина намурд, сарашро чанд бор ба девор зада, ӯро куштаму баъд сари китф карда бурда пинҳон намудам. Вақте ки ӯро ба  пушти ғанаки ғусапоя бурдам, ҳанӯз ҷон дошт, дасту пойҳояш меҷунбиданд, ман то баромадани ҷонаш дар наздаш нишаста, баъд рафтам…

Ҷасади Парвинаро аввалин шуда, кӣ дид?

-Ҳамон рӯз як духтари дигарам маърака дошту ман ба хонаи ӯ рафта, шаб дар ҳамон ҷо мондам. Субҳи барвақт падараш таҳораткунӣ баромада, мебинад, ки як пойафзоли занона дар пеши дари ҳоҷатхона хобидааст. Келинҳоро маломат карда мегӯяд, ки барои чӣ кӯдаконатонро беназорат мегузоред, бинед, онҳо пойафзолатонро бурда дар куҷо партофтаанд ва ба масҷид ба намози бомдод меравад. Вақте ки ман ба хона баргаштам, келинам гуфт, ки ҳозир мӯйи сари

Ганҷинаро бофта, ӯро ба мактаб гусел кардам. Ҳайрон шуда пурсидам, ки барои чӣ модараш нею ту сари ӯро бофтӣ. Келин китф дарҳам кашида гуфт, ки Парвина наменамояд, шояд ба маркази ноҳия барои гирифтани пул рафта бошад. Гӯсоларо барои чӣ набастед гӯям, келинҳо гуфтанд, ки банди гӯсоларо шаб касе дуздидааст.  Ин гапро шунида ба дилам якбора оташ афтид ва ҳамаро ба по хезонда гуфтам, ки Парвина касеро хабар накарда ба ягон ҷо намеравад, яқин бо духтарам ягон ҳодисаи нохуш рӯй додааст, ӯро кобед. Парвинаро аз паси ғанаки ғӯсапоя апааш ёфта моро ҷеғ зад. Гумон кардам, ки духтарам бе ҳуш аст, вале дасти аллакай шахшудаашро дошта фаҳмидам, ки кайҳо мурдааст. Фиғонам ба фалак печида, мӯю рӯямро кандам, сарамро ба замин зада нола кардам, вале…

Модар инони ихтиёр аз даст дода, боз ба вобаламгӯйӣ даромад. Дигар ба захмҳои сӯзони дилҳои хуншори аҳли ин хонадон намак пошидан нахоста, мо даст ба дуо бардоштем….

Аз рӯйи нақли модараш Парвина бояд рӯзи 23-юми март ба Русия парвоз мекардааст, вале ба хотири ҷашни наврӯзии духтарҳояш чиптаро иваз карда, парвозашро ба рӯзи 26-ум мегузорад, аммо дидани дидори шавҳар ба ин зани ормонӣ насиб накарда, шоми 24-уми март риштаи умри ҷавонаш бо дасти Маҷнуни қотил канда шуд. Дуо мекунем, ки руҳаш шод ва манзили охираташ обод бошад!

Маҳинаи Давлат

ДушанбеХатлонДушанбе

Р/С

Аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Умедворем, ки қотил ҷазои сазовор мегирад ва дили модари пиру фарзандони ятими  Парвинаи ормонӣ каме ҳам бошад, таскин меёбад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *