Рустами Эмомалӣ расман раиси шаҳри Душанбе таъин гардид

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо як фармон Рустами Эмомалиро раиси шаҳри Душанбе таъин кард.

Фармони Президент дар бораи таъини Рустами Эмомалӣ 4 апрели соли равон таҳти рақами 862 имзо шудааст. Рустами Эмомалӣ то ин вақт иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори пойтахт буд.  Зимнан, Рустами Эмомалӣ бо як қарор рӯзи баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷумро муайян намудааст. Дафтари матбуоти шаҳрдор мегӯяд, ин иҷлосия 18 апрел баргузор шуда ва яке аз масъалаҳои баррасишаванда фармони Президент дар бораи таъиноти Рустами Эмомалӣ аст.

Рустами Эмомалӣ дар интихоботи миёндаврии Маҷлиси вакилони пойтахт аз ҳавзаи рақами 25 бо касби 84,80 дарсади овозҳо баранда шуд. Ӯ 12 январ иҷрокунандаи раиси шаҳри Душанбе таъин гардид. Курсии шаҳрдориро давоми 19 соли ахир Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ихтиёр дошт, ки ҳоло раиси Маҷлиси миллӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *