Мақоми 3-юм ва 4-уми духтару домоди президент дар рӯйхати сарватмандон
«Forbes” дар рӯйхати 50 нафари аз ҳама сарватманди Қазоқистон домоди раиси ин ҷумҳурӣ Темур Қулибоевро дар мақоми сеюм ва ҳамсари ӯ — Динора Қулибоева, духтари Нурсултон Назарбоевро дар ҷои чорум гузоштааст. Ба ҳисоби «Forbes”, Темур ва Динора ҳар кадом 2,2 миллиард доллар ва дар маҷмӯъ 4, 4 миллиард доллар сарват ҷамъ кардаанд.
Нашри қазоқии маҷаллаи «Forbes” рӯзи 11 май рӯйхати 50 нафари аз ҳама сарватманд дар Қазоқистонро нашр кард. Нафари аз ҳама «қашшоқ” дар ин рӯйхат Асхад Умаров, ки дар зинаи 50-ум меояд, ҳамагӣ 70 миллион доллар, вале 5 миллиардери қазоқ, ба ҳисоби «Forbes”, ҳар кадом аз 2 то 2,5 миллиард сармоя доштаанд.
«Forbes” дар рӯйхати 50 нафари аз ҳама сарватманд дар ҷои аввал Владимир Ким, молики силсилаи ширкатҳои «KAZ Minеrals”-ро гузошта, ҷамъи дороиҳои ӯро 2,5 миллиард доллар ҳисоб кардааст. Владимир Кими 56-сола асосан дар риштаи маъдан кор мекунад.
Дар ҷои дуюм Булат Утемуратов, молики 59-солаи ширкати «Verny Capital” меояд. Утемуратов сармояҳои бузурги худро асосан аз ҳисоби силсилаи меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои мобил, аз ҷумла 25 дарсад саҳмаш дар ширкати «Билайн” ҷамъ овардааст.
Дар ҷои панҷум, ки рӯйхати миллиардерҳои қазоқро нуқта мегузорад, Алиҷон Иброҳимов, молики «Eurasian Resources Group” (ERG)” бо 2 миллиард доллар истодааст. Тиҷорати Иброҳими 63-сола асосан дар риштаи маъдан ва бонкдорист.
Аммо «Forbes” дар рӯйхати миллиардерҳо ду зинаи сеюм ва чорумро ба ду намояндаи хонаводаи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев – домоди ӯ Темур Қулибоевва духтараш Динора Қулибоева – додааст.
Зану шавҳар Темур ва Динора Қулибоевҳо, ба навиштаи «Forbes”, ҳолдинги бузурги «Алмэкс” – яке аз бузургтарин ва пурнуфузтарин ширкатҳои тиҷоратии Қазоқистонро мечархонанд. Азбаски саҳми зану шавҳар дар «Алмэкс” баробар тақсим шудааст, дар рейтинги нашри маҷаллаи «Forbes” низ дороии ҳар кадоми онҳоро баробар – 2 миллиарду 200 миллион аз ҳар кадом ва дар умум 4 миллиарду 400 миллион доллар ҳисоб кардаанд.
Темур Қулибоеви 50-сола ҳамчунин мудири мустақили ширкати «Газпром”-и Русия, раҳбари палати миллии тоҷирон «Отамакон”, раҳбари Иттиҳодияи ширкатҳои энергетикии «Кazenergy”, президенти федератсияи бокс ва Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон ва ноиби президенти Кумитаи олимпии Осиё мебошад.
Динора Қулибоева – духтари дуюми президент Назарбоев, ки 49 сол дорад, муассиси Сандуқи маорифи ба номи Назарбоев ва шабакаи мактабҳои хусусии «Мерос” мебошад.
Темур Қулибоев дар замоне ки домоди калонии Назарбоев – Роҳат Алиев – сари кор буд, дар соя қарор дошт. Вале дар соли 2008 Роҳат Алиев дар пайи як муноқиша бо падарарӯсаш тарки кишвар кард ва дар Аврупо ба яке аз мунтақидони шадиди режими сохтаи Назарбоев табдил ёфт.
Бо аз саҳна рафтани Роҳат Алиев нақши Темур Қулибоев дар хонаводаи президент боло рафт ва ӯ чандин сол дар раҳбарии ширкати нафту гази Қазоқистон «Қазмунайгаз” кор карда, батадриҷ ба яке аз сарватмандтарин афрод дар ин кишвари саршор аз захираҳои газу нафт ва маодин табдил ёфт.
Аксари тарҳҳои бузурги сармоягузорӣ, ки тавассути ҳукумати Қазоқистон сурат мегиранд, ба ширкати «Алмекс”-и домод ва духтари президент Назарбоев супурда мешаванд ва бисёриҳо сирри дар якҷоягӣ 4,4 миллиард доллар сармоя ҷамъ овардани Қулибоевҳоро дар ҳамин пуштибонии бечунучаро ва берақобат аз тарафи ҳукумати Назарбоев мебинанд.
Темур Қулибоев ва Динора Қулибоева як писар – Олтой – ва ду ду духтар – Дениза ва Алишия – доранд. Фарзандони онҳо дар Швейтсария зиндагӣ ва таҳсил мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ