Мақсуд ба ҷои Некрӯз ба маҳбас афтод

Моҳигул, зани 45-сола, аз ноҳияи  Айнӣ ҳамроҳи оилааш ба шаҳри Истаравшан кӯч баста, он ҷо зиндагияшро муқимӣ гардонд, вале бо амри тақдир шавҳараш аз олам даргузашту бори гарони зиндагӣ ба сари Моҳигули танҳо бор гашт.

Вай бо сад азобу машаққат писари ягонааш Мақсадҷонро бе падар калон кард. Некрӯз баъди болиғ гаштан бо Мақсудҷон ном ҷавон ҷӯра шуд. Онҳо зуд-зуд аз аҳволи ҳамдигар хабар мегирифтанд. Модар дӯстии онҳоро дида, бо ҳавас аз пасашон менигарист, вале намедонист, ки ин дӯстӣ оқибат нохушӣ меорад…
Моҳигул ҷӯраи писараш Мақсудҷонро ба фарзандӣ қабул кард. Акнун Мақсуд ду модар дошт.

“Соли 2016 ман бояд Некрӯзҷонро оиладор мекардам ва Мақсудҷонро дар бари шаҳбачаам дидан мехостам. Орзу мекардам, ки ба ин рӯзи мурод ӯ ҳам бирасад, вале..

Тӯйро ҳамагӣ як ҳафта монда буд, ки Мақсудҷон ба хона омада, аз аҳволи мо бохабар шуд ва ба гӯши писарам чизе гуфта, ҳарду хайрухушкунон аз дар баромаданд. Ростӣ, ман ҳатто пай набурдам, ки байни ин ду ҷӯраи ҷонӣ ягон сири ниҳоне ҳаст, вале рӯзи тӯй Мақсудҷон наомад. Баъд фаҳмидам, ки Мақсудҷон бо гуноҳи писари хатокори ман ба зиндон афтида, ду соли ҳаёташро дар паси панҷара гузаронидааст. Вақте сабаб пурсидам, писарам гиря карда гуфт, ки оча ман дар як ҷанг даст доштам ва бояд барои ҷавонеро маъюб карданам  ҷазо мегирифтам, вале Мақсудҷон гуноҳи маро ба гардан гирифта, зиндон шуд, то ки тӯйи ман вайрон нашавад“,-бо оби дида қисса кардааст Моҳигул.

Моҳигул баъди ин ҳодиса ҳамроҳи писар ва келинаш аз Тоҷикистон ба Русия кӯч мебанданд. Баъди ду сол хабар мерасад, ки Мақсудҷон, писархондашон аз зиндон озод шуда ба Ватан баргаштааст. Онҳо бо ҳам тариқи телефон гап зада бошанд ҳам, вале Моҳигул то ҳол худашро дар назди Мақсудҷон гунаҳгор меҳисобад, охир бо гуноҳи писари ӯ ин ҷавон ду соли умри ҷавонашро дар пушти панҷараи зиндон гузаронд.

“Мақсудҷон имрӯз дар озодӣ аст. Мехоҳам ӯро ба наздам хонда, қарзи модариямро адо намоям ва назди пояш афтида миннатдорӣ кунам, ки ману додаракашро аз шармандагӣ раҳо кард”,- мегӯяд Моҳигул, ки худро то қиёмат дар назди Мақсудҷон қарздор меҳисобад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *