Занозанӣ дар марзи Исфараву Бодканд

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон 3 апрел аз рух додани моҷарое дар марзи Исфараву Бодканд хабар доданд. Ҳарду ҷониб якдигарро дар сар задани ҳодиса айбдор мекунанд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон гуфтанд, ки занозанӣ миёни сокинони Хоҷа-Аъло ва Уч-Добо бо айби шаҳрвандони Қирғизистон сар задааст. Ба гуфтаи онҳо, дар натиҷаи сангпартоии шаҳрвандони Қирғизистон як сарҳадбони тоҷик низ ҷароҳат бардошт.

«Марзбонҳои мо барои ҳалли муноқиша ба ҷои ҳодиса рафта буданд. Ҳамон вақт як санг ба сарҳадбони мо расид. Феълан вазъи саломатиаш хуб аст», — гуфт Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон шоми 3 апрел.

Ин муноқиша пас аз он бархостааст, ки як шаҳрванди Қирғизистон ба сохтани деворе дар минтақаи баҳсӣ шуруъ намуд. Муҳаммад Улуғхоҷаев мегӯянд, шаҳрвандони Тоҷикистон «бидуни дағалгуфторӣ ва суханҳои қабеҳ» аз ин шаҳрванди Қирғизистон хостаанд, ки дар ҳоли ҳозир девор насозад.

«Онҳоро гӯш накарда, шаҳрвандони Қирғизистон ба сангпартоӣ сар карданд. Пас аз омадани шахсони мутасаддӣ ва раисони минтақа ҷавонон аз ҷониби Қирғизистон пароканда шуданд. Сохтмони девори баҳсӣ айни замон қатъ шудааст», — афзуд Улуғхоҷаев.

Дар навбати худ ҷониби Қирғизистон Тоҷикистонро дар сар задани моҷаро айбдор мекунад. Мақомоти маҳаллии вилояти Ботканд ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар доданд, ки муноқиша бар сари замин сар зада, як шаҳрванди Қирғизистон ҳам осеб дидааст. Гуфта мешавад, аз ду тараф наздики 50 нафар ҷамъ омада буданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд пора аз навори занозании ин гуруҳи сокинон нашр шудааст. Дар видео дида мешавад, ки ду тараф ба сӯи якдигар санг меандозанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *