Маҳви 20 ҷангии ДИ дар Афғонистон
Неруҳои амниятии Афғонистон дар музофоти Лағмон ба муқобили ҷангиёни гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ» амалиёт гузаронида, дар натиҷа на кам аз 20 нафар ҷангиро маҳв карданд. Дар ин бора агентии «Синхуа» бо такя ба ВАО-и маҳаллӣ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои агентии «Хома пресс», амалиёти ҳарбӣ дар минтақаи Алингори музофоти Лағмон гузаронида шуда, муайян гардид, ки миёни ҷангиёни маҳвгардида ду нафар фармондеҳи маҳаллии ДИ низ будаанд.
Гуфта мешавад, ки зимни амалиёт истеҳкомоти ДИ барҳам дода шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ