Аввалин нишасти матбуотӣ баргузор гардид

5-январи соли равон дар Ҳукумати ноҳияи Варзоб нишасти матбуотӣ, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳукумати Варзоб ва рузноманигорон доир гардид. Дар нишаст раиси ноҳия Назирзода Савзаалӣ ба саволҳои рӯзноманигорон посухи муфассал дод:
-Дар натиҷаи роҳандозӣ гардидани сиёсати дурусти молиявӣ, қарзӣ ва андозу буҷетӣ имконият фароҳам омад, ки нишондиҳандаҳои муқарарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2017» дар соли 2017 қисми даромади буҷети ноҳияи Варзоб ба андозаи 100,2 фоиз таъмин гардид.
— дар соли 2017-ум дар ҳудуди ноҳия ҷамъ 92 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки мутаносибан ба ҳамин давраи соли гузашта 36 ҷиноят зиёд мебошад.
Инчунин дар нишаст қайд гардид, ки дар масоҳати 4600 га кишти баҳорӣ ва тирамоҳӣ гузаронида шудааст.
Дар ҳисоботи солона гуфта шуд, ки дар давоми сол 944 тӯйи домодию арусӣ баргузор гардид, ки аз соли пешин 221-то зиёд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *