Маблағи суғуртаи ҳаёт баргардонида мешавад
Муовини аввали дирекори КВД «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев дар нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти шашмоҳаи корхонаи мазкур гузориши муфассал пешниҳод намуд. Ба гуфти ӯ «Тоҷиксуғурта» дар ин муҳлат бо 400 ҳазору 751 ашхоси воқеиву ҳуқуқӣ шартномаҳои суғуртавӣ бастааст. Аз ҳисоби ҳамаи намудҳои суғурта ба ҷойи 16 млн 625 ҳазор сомонӣ 18 млн 528 ҳазор сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид гардидааст.
Абдулло Абдуллоев иттилоъ дод, ки корхона ба 5 ҳазору 878 шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, ки молу амвол ва ҳаёту саломатиашон осеб дидаанд, 5 млн 176 ҳазор сомонӣ маблағ ҷуброн намудааст.
Рӯзноманигорон бештари пурсиши худро доир ба суғуртаи ҳаёт дода, аз Абдулло Абдуллоев посух гирифтанд, ки «Шартномаи суғурта ин созишномаи хаттии байни суғурташаванда ва суғуртакунанда буда, дар асоси он суғурташаванда уҳдадор мешавад ҳаққи суғуртавиро дар муҳлати муқарраршуда пардозад, суғуртакунанда бошад, уҳдадор мешавад, ки ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ нисбати суғурташаванда ё шахси дигаре, ки шартномаи суғурта ба манфиати ӯ баста шудааст, пардохти суғуртавиро амалӣ намояд». Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 38,5 фоиз маблағи суғуртаи ҳаёт пардохт шудааст. Умуман, маблағи суғуртаи ҳаёт дар ҳар ҳолат пурра баргардонида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ