Ҳукумат такя ба ҷавонон мекунад

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон аз афзоиши ҷавонон дар сафи хизматчиёни давлатӣ хабар дод.

Ҷумъа Давлатов, раиси ин агентӣ ҷумъаи 4 август зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз 19 ҳазору 261 хизматчии давлатӣ 8 ҳазору 770 нафар ё 45,5 дарсадро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳад. Ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 389 нафар бештар мебошад.

Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон 2017 соли ҷавонон эълон шудааст.

Ба қавли Давлатов, синни миёнаи хизматчии давлатӣ 37,8 солро ташкил медиҳад. Ӯ гуфт, миёни хизматчиёни давлатӣ теъдоди занҳо низ афзудааст: “Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 4 ҳазору 340 нафар ва ё 22,5 фоизашро занҳо ташкил медиҳанд. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 124 нафар зиёд гардидааст”.

Раиси Агентии хизмати давлати қайд намуд, ки дар шашмоҳаи соли равон аз 1360 хизматчии давлатии ба аттестатсия фаро гирифташуда 1154 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ шудааст: “Аз ин ҳайат 34 нафар барои ба мансаби баландтар таъин намудан, 38 тан барои дохил кардан ба захираи кадрҳои роҳбарикунанди хизмати давлатӣ, 42 нафар барои пеш аз мӯҳлат додани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия гирифтаанд”.

Ҷумъа Давлатов иброз дошт, дар пайи гузаронидани аттестатсия 206 хизматчии давлатӣ ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ шуд, ки ба 148-тои он барои такмили ихтисос, ба 18 нафар барои ба мансаби пасттар гузаронидан ва ба 40 нафар барои аз мансаб озод намудан тавсия дода шуд.
 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *