Тоҷикон дар буҷулбозӣ дуюмин шуданд

Буҷулбозӣ аз қадимтарин навъи бозиҳо шумурда шуда, дар байни тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ шӯҳратёр мебошад. Буҷулбозӣ то ҳол дар Тоҷикистон мухлиси зиёд дорад. Аммо ба таври расми тавассути Фестивали бозиҳои варзишии миллӣ, ки асосгузорашро Рустами Эмомалӣ меҳисобанд, ба майдони мусобиқаҳои варзишӣ ворид шуда истодааст. Агар дурусттар таваҷҷуҳ намоем, буҷулбозӣ бештар дар манотиқи шимол ва ҷануби Тоҷикистон   маҳбубият дорад.

Аз лиҳози дастовардҳои буҷулбозӣ алҳол Қирғизистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ комёбтар аст. Дар ин кишвар ҳатто Федератсияи ордо (буҷулбозӣ) амал мекунад. Вожаи “ордо” аз “ӯрда”-и муғулӣ гирифта шуда, ба маънои “қасри хон” аст. Худи бозӣ низ ба амалиёти тасарруфи қасри хон мемонад. Дар гузашта тавассути ин бозӣ ба ҷанговарони оянда роҳу шеваҳои тасарруфи қасри душманро ёд медодаанд.

Дар майдони бозӣ даврае мекашанд, ки қаламрави душманро дар назар дорад. Дастаҳо бояд бо эҳтиёт ва бо маҳорати ҷангӣ вориди он давра шаванд. Аз пой афтондани буҷули асосӣ, яъне хон ба маънои пирӯзӣ дар ин бозӣ будааст.

Ҳар даста дар мусобиқаи буҷулбозӣ аз 8 нафар – 7 бозигар ва 1 мураббӣ иборат будааст. Ҳар даста бо 7 томпой (буҷул) ва 70 алчик вориди бозӣ мешавад. Барои пирӯзӣ даста бояд тамоми буҷулҳо ва алчикҳои дастаи рақибро зада, дар маркази давра бичинад.

Чанде пеш хабаргузории русии «Спутник”гузориш дод, ки бо иқдоми Федератсияи буҷулбозии Қирғизистон  дар шаҳри Чолпон-Отаи ин кишвар мусобиқаи байналмилалии буҷулбозӣ баргузор шуд. Дастаи Тоҷикистон дар он  соҳиби ҷои дуюм гардид.  Ҷои аввалро  тими мизбон ва ҷои сеюмро дастаи Қазоқистон ба даст овардаанд.

Дар мусобиқаи буҷулбозӣ дар Чолпон-Ота 6 даста – Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Амрико ва ду даста аз вилоятҳои Иссиқкӯл ва Чуйи Қирғизистон ширкат кардаанд. Идораи варзишҳои миллии Агентии ҷавонон ва варзиши Қирғизистон барои баргузории ин сабқат дар Чолпон-Ота 843 ҳазор сом ҷудо кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *