Фоҷеиа дар Язғулом

Дар пайи сарозер шудани як мошини тамғаи «Жигули 06” ба дарёи Язғуломи ноҳияиВанҷ чаҳор сокини минтақа ҷон бохтаанд.

 Ҳодиса нимирӯзи 6-уми август дар миёнирустои Андармағ ва Жамаги ҷамоати Язғулом рух дода, то кунун ҷасади танҳо як нафарионҳо, ронандаМаҳбубшоҳ Амоншоеви 47-сола,ёфт шудааст.

​Ҷумъабой Азораев, яке аз хешовандони Маҳбубшоҳ, дар суҳбати телефонӣ  гуфтааст,ки  ҷустуҷӯи ҷасади се нафари дигар аз тарафи мақомот ва мардум идома дорад. «Ҳамин чанд лаҳза пеш ҷасади Маҳбубшоҳро ёфта овардем. Аз дигарон ҳанӯз ному нишоне нест», — гуфт ӯ.

Ин чаҳор нафар барои фотиҳахонӣ ба рустои Жамаги ноҳияи Ванҷ мерафтанд, ки ба садама дучор шудаанд. Ӯ гуфт, «ҳодиса соати ёздаҳуними рӯзи якшанбе рух додааст. Вале азбаски касе шоҳид набуд, мардум дер хабардор шуданд. Як нафар ҳангоми аз роҳ гузаштан мошини чаппашударо дида, дарҳол дигаронро огоҳ кардааст. Сипас мардуми зиёд ба ҷустуҷӯи ҷасадҳо пардохтанд», — гуфт Азораев.

Аз се нафари дигарНазруллоҳ Ноибов (соли таваллуд 1967),Имоммаҳмад Имомов (солитаваллуд 1968) ва Толиббек Ғиёсов (соли таваллуд 1993)ном бурда мешавад.

Ҷумъабой Азораев мегӯяд, ин афрод савори мошине ба роҳ баромадаанд, ки солҳо боз истифода намешуд ва ҳатто ба ҳаракат дароварданаш ба мушкил сурат гирифтааст. «Маҳбубшоҳ чанде пешмошини нави «Старекс» оварда буд. Онро дар хона гузошта, бо Жигули ба роҳ баромадаанд. Кӣ медонад, ки дар роҳ чӣ иттифоқ афтод?”, — суол гузошт ӯ.

Дар идораи ҳолатҳои фавқулодаи минтақа ҷузъиёти бештар надода, гуфтанд, ки ҳодиса таҳқиқмешавад. Ба қавли онҳо ҷустуҷӯи ҷасадҳо ҳанӯз идома дорад.

Охири моҳи июли имсол дар пайи чаппа шудани як мошин ба рӯди Ванҷоб ду нафар ҷон бохт. Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон он вақт гуфтанд, ки ҳодиса бегоҳи 28-уми июлиттифоқ афтода, яке аз мусофирон сокини шаҳри Душанбе ва дигаре сокини деҳаи Даштаки ноҳияи Ванҷ буд. Дар ин ҳодиса ронанда ва як мусофири 28-сола ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол ёфтанд.

Аз он пеш, рӯзи 16  июл бар асари чаппа шудани як заврақ ё қаиқи наҷотбахшон дар рустоиШирговади ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон капитани Вазорати дифоъНаимҷон Саъдуллоев, корманди идораи умури дохилии ноҳияи Рӯшон Анвар Ёдалиев ва сокини 10-солаи ноҳияи Дарвозва Фирӯза Акобирова ғарқ шуданд. Ҷасади ин се нафар то ҳол пайдо нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *