Маъбони Ӯзбекистон дар Паралимпиадаи Рио-2016 30 медал гирифтанд

Бинобар иттилои «Газете.uz», мунтахаби олимпии варзишгарони маъюби Ӯзбекистон дар 7 рӯзи Паралимпиадаи V тобистонаи Рио-2016 30 медал ба даст оварданд, ки аз  ин 7-тоаш тилло, 6 ададаш нуқра ва 17-тои дигараш биринҷӣ мебошанд. Ин ба дастаи олимпии Ӯзбекистон имкон додааст, ки дар байни 176 мунтахаби кишварҳо ҷойи 12-умро ишғол намояд.

Ӯзбекистон ба Паралимпиадаи Рио-2016 32 варзишгарро дар намудҳои дзюдо, варзиши сабук, шиноварӣ, тирпаронӣ ва  пауэрлифтинг сафарбар кардааст, ки  12 нафарашон варзишгарони сабук мебошанд. Дзюдочиёни малул барои кишварашон 10 медал овардаанд (3 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ). Шиноварон бошанд, 8 медал гирифтанд (2 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ). Варзишгарони дигари малул дар мусобиқоти дискапартоӣ ва найзапартоӣ медалҳои тиллоро сазовор гаштанд.

Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *