Боздошти 4 “Шумахер”

Онҳо ба ҳабси 5-рӯзаи маъмурӣ гирифта шуданд

 Шоми 13-уми сентябр моқомоти корҳои дохилии Тоҷикистон гуруҳи ронандагони ҷавонро, ки  дар пойтахт пойга мекарданд, боздошт карданд. 

 Чор нафари боздоштшуда — Бахтиёр Раҳимови 27-сола, Бахтиёр Ҷабборови 29-сола, Алишер Камолови 28-сола  ва Одил Зокирови 31 -сола дар роҳи мошингарди қад-қади “Наврӯзгоҳ” (ипподроми собиқ ) пойга мекарданд, -хабар медиҳад ВКД.Онҳо боздошт шудаанд. Мошинҳои онҳо дар таваққугоҳи ҷаримавии РБДА-и шаҳри Душанде ҳабс шуда, бо қарори суд ин чор нафар 5 шабонарӯз дар ҳабси маъмурӣ хоҳанд буд.Мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, онҳо натанҳо қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардаанд, балки бо суръати ҳаддалимкон мошин ронда, дар роҳ вазъи садамавӣ ва хатарзо офаридааанд.Роҳе, ки ин ҷавонон ва ҷавонҳои дигар пойга мекунанд, барои ин кор хеле қулай аст. Ҳам кормандони БДА нестанду ҳам камераҳои “Шаҳри бехатар”. Онҳо танҳо нафароне нестанд, ки ин ҷо пойга мекарданд. Ин роҳ ҳамчун ҷойи пойгаи писарони мансабдорони воломақом ном бароварда аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *