Мадина кӣ ё чиро мегӯяд бас кун?

Яке аз сарояндагони хушсадои кишвар Мадина Акназарова таронаи нави худро бо номи “Бас кун” дар ютубканалаш манзури ҳаводоронаш кард.

Мадина Акназарова ин таронаашро низ монанди чандин сурудҳои дигараш дар саҳнаи торику иҳотаи навозандагон сароидааст.

Таронаи нави сарояндаи тоҷикро бисёриҳо гӯш кардаанд. Он дар ду шабонарӯз зиёда аз 250 ҳазор маротиба бозбинӣ шудааст.

— Эй дил, ту зи ишқи ёр бас кун,

— Бар сина дигар мадор бас кун.

Он ёр туро намешавад ёр,

Дигар макун ихтиёр бас кун,

— чунин нақарот дорад суруди “Бас кун”.

Болои таронаи мазкур ба ҷуз овозхон боз чандин нафарон саҳм доранд. Аз ҷумла, мусиқӣ ба Шариф Муслимшоев, матн ба Қудрат Шуғнонӣ ва танзими садо ба Эраҷ Ҳамидов тааллуқ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *