Сафири ИМА ва роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Бартанг

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Микаллер ва роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ Адҳам Мусаллам бо Барномаи тақсимоти хӯрокворӣ ба ҷамоати Япшорви деҳаи Бартанг ташриф овардаанд.

Бино ба иттилои USAID Tajikistan, инчунин якчанд оилаҳои дигар аз ҷамоатҳои ҳамсоя барои гирифтани орди ғанигардонидашуда, равғани дорои витаминҳо ва ярмаи нахӯди зард ҷамъ омадаанд.

— Дар сатҳи ҷаҳонӣ Ҳукумати ИМА донори бузургтарини Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ мебошад. Дар аввали соли ҷорӣ USAID Tajikistan ба Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти вобаста ба норасоии озуқаворӣ дар кишвар 10 миллион доллари ИМА пешниҳод кард,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки давоми шаш моҳи охир чунин кумаки муҳим дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ба 160 000 шахсони осебпазир (32 000 хонавода) дар 27 ноҳияи кишвар, аз ҷумла ВМКБ пешниҳод карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *