Мадина Набизода: Умед дорем, ки Сафия сиҳат пайдо мешавад
Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд дар бораи бедарак шудани духтари ноболиғ, ки ду рӯз инҷониб пайдо нашудааст, маълумот дод.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки сабаби бедарак шудани Сафия, хонандаи гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд то ҳол дақиқ нест. Аммо ҳоло тамоми мақомот кофтукоби ӯ ҷалб шудаанд.
Ҳарчанд Сафия баъди анҷоми соати дарсӣ бедарак шудааст, вале масъулини маорифи вилоят пайваста бо омӯзгор, роҳбарияти муассиса ва волидайну наздикони ин духтар дар гуфтугӯ ҳастанд. Умедворанд, ки ӯро сиҳату саломат ёфта, ба волидонаш месупоранд.
Фарзона Шамсиева
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ