Дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ 55 иншооти соҳаи маориф, 7 иншооти соҳаи фарҳанг, 111 маркази савдою хизматрасонӣ, 56 иншооти соҳаи тандурустӣ, 19 иншооти соҳаи варзиш, 85 иншооти соҳаи коммуникатсияву хизматрасонӣ, 3 иншоот дар растаҳои ҳунармандӣ, 15 корхонаи истеҳсолию саноатӣ, 9 фермаи парвариши чорво, паранда ва боғҳои интенсивӣ бунёд мегарданд.

Дар ин хусус Абдуғаффор Ҳикматуллозода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Абдуғаффор Ҳикматуллозода гуфт, аз 369 иншооти нақшавӣ то ин муддат 110 иншоот ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, 20 иншоот дар соҳаи маориф, 2 иншоот дар соҳаи фарҳанг, 11 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 20 маркази хизматрасонӣ, 5 корхонаи саноатӣ ва дигар иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.

“Ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ ва таъмини аҳолӣ бо хонаҳои истиқоматӣ айни замон дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони хонаҳои баландошёна идома дорад. Дар асоси нақшаи генералӣ қисми аввали нақшаи муфассали банақшагирии шаҳраки Сомониён дар масоҳати 79,6 гектар барои зиёда аз 19 ҳазор нафар таҳия шудааст, ки ин лоиҳа биноҳои истиқоматии баландошёна, 4 муассисаи таълимии ҳар кадом барои 3200 хонанда дар ду баст, 8 кӯдакистон барои аз 200 то 400 кӯдак, мактаби мусиқӣ, меҳмонхонаҳо, гулгаштҳо, варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, майдонча ва толорҳои варзишӣ, навсозии бозори “Ганҷ”, биноҳои маъмурӣ, бинои ёрии таъҷилӣ дар назди беморхонаи марказӣ, беморхона барои касалиҳои дил, навсозии Қасри фарҳанг, васеъкунии роҳҳо ва ғайраро фаро мегирад”, — гуфт раис.

Зикри шуд, ки лоиҳа ба ду қисм тақсим шуда, дар қисми ҷанубӣ иншооти маъмурӣ, истиқоматию хизматрасонии 5-7-ошёна ва дар қисми дигар биноҳои 9-12-ошёна бунёд мешаванд. Иншоот мувофиқи лоиҳа бо санъати меъмории миллӣ ва масолеҳи баландсифати сохтмонӣ сохта мешаванд.

М. Сатториён

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *