Амонатбонк 118 нафарро соҳиби хона кард

Амонатбонк ба муштариён барои хариди манзил 29 миллион сомонӣ қарзи ипотека додааст.

Ин маблағро 118 нафар  дар соли 2023 ба даст овардаанд.

Муҳлати қарзи ипотека то 10 сол буда, бо доллар 10 фоиз ва бо сомонӣ 22 фоиз аст.

Дар ин бора имрӯз, 9 феврал раиси тозатаъини Амонатбонк Алиҷон Салимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ҳамчунин, номбурда гуфт, ки Амонатбонк дар соли 2024 ҳам  қарзҳои имтиёзнокро ба аҳолӣ  пешниҳод хоҳад кард. Зеро айни замон талабот ва таваҷҷуҳи мардум ба қарзҳои имтиёзноки Амонатбонк бештар шуда истодааст.

Ёдовар мешавем, ки Амонатбонк барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, соҳибкорӣ,  маориф қарзҳои зерини «Кишоварз -2024″, Автоқарз -2024» «Таҳсил-2024» «Занҳои муваффақ-2024» –ро роҳандозӣ кардаст. Ба таъкиди Алиҷон Салимзода, чунин намуди қарзҳо ба аҳолӣ бо фоизи пастар пешниҳод мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *