Ректори  ДБССТ таъсиси факултети навро шарҳ дод

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон факултети гуманитарию педагогӣ таъсис ёфт.

Дар ин бора ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Асрорзода имрӯз, 9 феврал зимни нишасти матбуоӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ректори донишгоҳ гуфт, ки ҳадаф аз таъсиси чунин факултет омода намудани мутахассисони сатҳи баланди забондон, аз ҷумла русӣ, англисӣ ва чинӣ мебошад. Хатмкунандагони ин факултет имкон доранд, ки дар баробари фаъолият дар ширкатҳои байналмилалӣ, сайёҳӣ, вазорату идораҳо, ба фаъолияти омӯзгорӣ низ машғул шаванд.

Донишҷӯёни факултети навтаъсис дар гуруҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ таҳсил менамоянд.

Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар оянда ихтисосҳои зертобеи факултетро зиёд намояд.

Ҳамчунин, ректор иттилоъ дод, ки дар донишгоҳ сохтори нав — бахши рушди стратегӣ ва идоракунии сифати таҳсилот таъсис ёфт.

Ин сохтор дар амалӣ намудани принсипҳои банақшагирии стратегӣ, низоми менеҷменти сифат ва рақамикунонии раванди фаъолияти донишгоҳ нақши муҳим дорад.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дорои 7 факултет ва беш аз 20 кафедра бо фарогирии 80 ихтисосу равия аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *