Магар 187 000 сомонӣ барои раисшавӣ кам аст?

Тавре ВКД хабар медиҳад, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 47-солаи сокини ноҳияи Лахш муроҷиат намудааст, ки 1-уми июли соли 2021, зани 56-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, маблағи пулӣ дар ҳаҷми 187 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки ӯро ба ягон вазифаи роҳбарикунанда таъин мекунад.

Аммо ӯро фиреб дода, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, онҳоро то ҳол барнагардонидааст.Шояд 187 ҳазор сомонӣ камӣ карда бошад?
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *