Воридшавии “Фалак” ба рӯйхати ЮНЕСКО расман эълон гардид

15-уми декабри соли 2021 котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки бо иштироки намояндагони кишварҳои узви ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса тариқи маҷозӣ баргузор гардид, иштирок кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҷаласа ворид намудани унсурҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки кишварҳои узви ЮНЕСКО ба феҳристи мероси башарият пешниҳод намудаанд, баррасӣ гардид. Номинатсияҳои ҷавобгӯ ба талаботи Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз ҷониби Кумита расман ба феҳрист ворид гардиданд.

Раиси Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, котиби масъули Шри Ланка оид ба корҳои ЮНЕСКО Пунчи Ниламе Мегасват ворид гардидани номинатсияи “Фалак” ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башариятро расман эълон намуд. Пешниҳоди номинатсияи мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи панҷ шарту талаботе, ки дар Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО қайд шудааст, қабул гардид,- меафзояд манбаъ.

Ҳамчунин зикр гардидааст, ки иқдоми мазкур ҷиҳати ҳифз ва оммавӣ намудани мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *