Махфират Ҳамроқулова бо Алла Пугачёва дугона буд (10 акс)

 

Соли 1971 замоне, ки ансамбли эстрадии «Гулшан» маъруфияти зиёде дошт, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» навишта буд: «Дар ҳайати ансамбли «Гулшан» боз як ситораи нав дурахшид.

Ин духтараки зебо ва хушсадоро, ки Махфират ном дорад, Орифшо Орифов – роҳбари бадеии ансамбл мафтуни садояш шуда, ба кор даъват кардааст. Ӯ хеле ҷавон аст, аммо қадамҳои нахустинаш устуворанд».

                  Сароянда, зебосанам ва актриса

Воқеан, Махфират Ҳамроқулова дар санъати эстрадаи тоҷик нақши бузурге дорад ва журналисти рӯзномаи ҷавонони кишвар истеъдоди фавқулодаи ӯро дарк карда, чунин навишта буд. Азбаски Махфиратро худи Орифшо Орифов ба кор оварда буд, касоне буданд, ки ба ӯ каҷ менигаристанд, вале ба ҳама мушкилоту зиддиятҳо нигоҳ накарда, Махфират дар эҷодиёт пеш рафта, дар санъати эстрадии тоҷик зинаҳои баландро фатҳ намуд. Вай ба ғайр аз саҳна маҳорати худро дар кино низ санҷида, муваффақ гашт, аммо…

          Махфират ба лаб муҳри хомӯшӣ зад, вале…

Чаро Махфирати сароянда ва актриса якбора аз саҳна, аз экран ва билохира аз Ватан дур шуд? Ба ин суолҳо посух ёфтан хеле душвор аст, зеро дар солҳои дар ғурбат зистанаш Махфират Ҳамроқулова аз журналистон канора ҷуста, дар бораи зиндагиаш маълумот надодааст. Ба ин нигоҳ накарда, банда кӯшиш кардам, ки баъзе маълумотҳои аҷибро дар бораи зиндагии пасипардагии ин сарояндаи муваффақ пайдо намоям.

           
Ситорае, ки дурахшиду шамъи маҳфил шуд

Махфират Ҳамроқулова 11-уми апрели соли 1955 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ин духтараки шаҳрӣ аз хурдӣ ба санъат дил баста, бе мамониат илми мусиқиро аз худ намуд ва ҳанӯз дар замони мактабхонӣ аъзои дастаи ҳаваскорони санъати мактаби миёнаи рақами 36-и шаҳри Душанбе гардид. Он солҳо дастаҳои ҳаваскорони санъат дар чорабиниҳо фаъолона ширкат ва ҳунарнамоӣ мекарданд. Дар яке аз чунин консертҳои мактаббачагон Орифшо Орифов, роҳбари бадеии ансамбли «Гулшан» ҳунарнамоии Махфиратро дида, ӯро ба кор даъват кард. Ин воқеа соли 1971 ба вуқуъ пайваста, Махфират ҳамагӣ 16 сол дошт.

Ин духтараки ҷавон якбора ба давраи гигантҳои санъати эстрадаи тоҷик-Муқаддас Набиева, Нигина Раупова, Раҳима Шалоэр, Тамара Пӯлодова ва дигарон афтид. Барои вай осон набуд, зеро аз миёни ин нобиғаҳо сар кашидан, амре буд муҳол, аммо…

                             Бе мураббӣ зери гардун…

Маҳз бо кӯмаки ҳамин устодон Махфират зуд шуҳрат пайдо кард. Аввалин таронаҳои Махфират баъди ба кор омаданаш сурудҳои бачагона буданд. «Алифбо» ва «Амакҷони космонавт»-и ин сарояндаи ҷавон ба зудӣ вирди забони мактаббачагон гаштанд…

    Танҳо садост, ки мемонад…

Оҳиста- оҳиста Махфират дар ансамбл маҳорати касбӣ пайдо намуд ва репертуари сурудҳояш торафт бойтар шудан гирифтанд. «Чилкокул», «Дилро бубин», «Гулҳои Душанбе» ва дуэти «Шаби ошиқони шайдо»-и Махфират Ҳамроқулова аз маъруфтарин хитҳои солҳои 70-80 буданд.

Махсусан иҷро намудани сурудҳои лирикӣ хоси овози вай буданд.  Хосиятҳои вокалӣ ва имкониятҳои созиву овозии ӯро ба назар гирифта, композиторони маъруф Шарофиддин Сайфиддинов, Зайниддин Зулфиқоров, Қудратулло Яҳёев, Миратулло Атоев, Шодӣ Пӯлодӣ ва дигарон барояш махсус мусиқӣ меофариданд.

Ҳамин тавр, Махфират тавонист бо репертуари бою ғанӣ ва рангин дар ҷаҳони санъат зуд шуҳратёр гардад. «Хуш набошад» (ғазали Ҳофиз, суруди халқ), «Алами дил» (ғазали Ҳилолӣ, оҳанги Ю. Лядов), «Шаби ошиқон» (ғазали Саъдӣ, оҳанги К. Қурбонов), «Гули сурх» (ғазали С. Айнӣ, оҳанги З. Зулфиқоров), «Ту танҳо нестӣ» (шеър ва оҳанги эронӣ), «Ишқи ман» (ғазали Лоиқ, оҳанги Т. Шаҳидӣ), «Чӣ мехоҳӣ» (шеъри Ф. Исҳоқӣ, оҳанги К. Қурбонов), «Ситораҳо» (шеъри А. Шукӯҳӣ, оҳанги З. Миршакар), «Гавҳари рахшон» (шеъри И. Раҳимов, оҳанги О. Орифов), «Душанбе» (шеъри Гулназар, оҳанги М. Атоев), «Тоҷикистон» (шеъри Б. Раҳмизода, оҳанги Қ. Яҳёев) ва даҳҳо таронаи дигари Махфират ба қалби мухлисон роҳ ёфта, солҳост ки вирди забонҳоянд.

                               Дар ақсои олам

Махфират Ҳамроқулова ба сафарҳои ҳунарии берун аз Тоҷикистон баромада, соли 1973 дар синни 18-солагӣ дар Фестивали 10-уми байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯён, ки дар шаҳри Берлин баргузор гардид, ширкат намуд ва Лауреати мукофоти ин Фестивал гашт. Соли 1976 ин сарояндаи ҷавон дар рӯзҳои маданият ва санъати Тоҷикистон дар Қирғизистон, соли 1979 дар Конкурси 6-уми умумииттифоқии артистони ҷавони эстрада дар шаҳри Ленинград Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Дӯстдорону алоқамандони мусиқӣ дар Полша ва Афғонистон низ аз садои мафтункунандаи Махфират Ҳамроқулова баҳравар гаштанд.

Дар репертуари Махфират ба хотири ин сафарҳо сурудҳо бо забонҳои дигар низ пайдо шуданд. «Ҳусни ниҳонӣ» (бо забони русӣ, шеъри Харитонов, оҳанги А. Морозов), «Сурудам» (шеър ва оҳанги англисӣ), «Бедор шудам» (бо забони немисӣ, оҳанги Ҳ. Гайтер) хеле ҷаззоб баромаданд. Ин духтараки ҳунарманд ҳатто бо забони итолиёвӣ низ суруд мехонд.

                         Махфират чӣ хел актриса шуд?

Тоҳири ошпаз ва Зуҳрои сароянда аз имтиҳони қабул ба мактаби олӣ намегузаранд, аммо зоҳиран ин онҳоро ғамгин намекунад. Ҳар кореро кушоишест. Ҳамин тавр, Тоҳиру Зуҳро ногаҳон ба Хонаи созу навои Ҳасан Ҳасанич Бармалиев меафтанд ва як имтиёзи тақдир онҳоро ба автопоезде ҳамроҳ мекунад, ки дар манотиқи камаҳолӣ ба мардум хизматрасониҳои гуногунро пешниҳод мекунанд. Қаҳрамонони мо- Тоҳиру Зуҳро дар маросимҳои тӯй ва зодрӯзи бадахшониён ширкат карда, ба онҳо хурсандӣ ато менамоянд…

Филми «Ошпаз ва сароянда» дар атрофи ҳамин хати сюжет чарх мезанад. Ин филмро режиссёрон Муҳаббат Маҳмудов ва Валерий Харченко ба навор гирифтаанд. Чун дар нақши Зуҳро сароянда лозим буд, онҳо сарояндаи маҳбуб Махфират Ҳамроқуловаро ҷалб карданд. Махфират низ бо ҷону дил нақшро қабул кард ва онро моҳирона иҷро намуд, аммо ӯро сюрприз интизор буд…

                       Ҳамовозӣ бо Алла Пугачёва

Чун жанри  филми «Ошпаз ва сароянда» мелодраммаи мусиқӣ аст, режиссёрони ҷавон барои навиштани мусиқии филм Александр Затсепин – режиссёри он замон ҷавон, вале хеле маъруфи москвагиро даъват карданд. Сурудҳои дар ин филм офаридаи Затсепин «Если долго мучиться», «Мама» ва ғайра хитҳои воқеии охири солҳои 80-ум шуданд, аммо сюрпризи асосӣ ин набуд…

Режиссёрони филм ва композитор қарор доданд, ки дар филм сурудҳои сарояндаи ҷавон ва ҳоло номаълумро, ки қадамҳои нахустинашро ба саҳна мегузорад, Алла Пугачёва сарояд. Яъне, сурудҳои Зуҳро, ки Махфират бозӣ мекард, бо овози Алла садо медоданд.

Маҳз ҳамон сурудҳои дар  ин филм иҷрокарда ва баъдан хитшуда Алла Пугачёваро маъруфу маҳбуб гардониданд.

Баъди солҳо Махфират Ҳамроқулова ва Примадоннаи аллакай маъруфу машҳур бо ҳам вохӯрданд ва дар чандин интервюҳояш Алла Борисовна аз Махфират ёдоварӣ намуд.

«Зебоии ғайримаъмулии Махфират ва он сурудҳо ба ин васила маро машҳур кард, вагарна ба мани он вақт фарбеҳ ва безебак кӣ аҳмият медод»- шӯхиомез гуфт, як бор Алла Пугачёва…

                                   Алвидоъ, Ватан!

Оғози солҳои 90-ум баробари шурӯъ шудани нооромиҳо дар кишвар Махфират Ҳамроқулова Тоҷикистонро тарк кард. Шояд ӯ нияти барои ҳамеша рафтанро надошт, аммо тақдирро пешгӯӣ кардан маҳол аст. Замоне ки ватани ӯ, Душанберо, ки гулҳояшро васф мекард, садои тиру туп пахш кард, Махфират дар Маскав мезист, аммо зиндагиаш дар ин шаҳр барор нагирифт. Баъди 4 соли зиндагӣ дар пойтахти Русия вай ба он сӯйи уқёнус ба Амрико ҳиҷрат кард.

Ба ҳар ҳол, дар Бруклин ӯ тавонист ҷойгир шавад, барои фарзандонаш қути лоямут пайдо кунад ва билохира амрикоӣ шавад.

                        Махфират аз шавҳараш ҷудо шуд

Мо дар бораи ҳаёти амрикоии ин ситораи эстрадаи тоҷик чандон маълумоти зиёд надорем. Мухбири махсуси «Комсамолская правда» Алексей Осипов Махфиратро дар Ню-Йорк вохӯрда, дар бораи ҳаёташ пурсон шудааст.

«Дар Амрико бо ду духтар ва 11 набераам зиндагӣ мекунам. Чанд сол пеш аз шавҳарам ҷудо шудам. Зиндагиам хуб аст» — посух додааст, Махфират Ҳамроқулова.

Дигар дар бори рӯзгори ӯ дар он сӯйи уқёнус маълумоте нест.                    Бе Ватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан

Соли 2015 дар Маскав шаби эҷодии Махфират Ҳамроқулова баргузор гардид. Ӯ он ҷо сурудҳои пешин ва навашро замзама кард ва ҳамеша мегуфт: «Ман дур аз Ватан ба ёди Тоҷикистон ва барои Тоҷикистон зиндагӣ мекунам…»

  Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *